Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Понздаҳ тӯби "Регар" ТадАЗ дар ду бозӣ


Бозиҳои саввумин давраи Ҷоми президенти AFC дар шаҳри Лоҳури Покистон ҷараён доранд.Қаҳрамони футболи Тоҷикистон - "Регар" ТадАЗ дар бозии дуввуми худ тими мизбон - «Покистон Арми»-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.

Футболбозони шаҳри Турсунзода танҳо дар дақиқаи 65-ум тавонистанд ҳисобро боз кунанд. Тӯбро легионери даста Аббос Абдуллоев вориди дарвозаи мизбонон сохт. Пас аз се дақиқа голи дуввуми дастаи меҳмонро Мансурҷон Ҳакимов ба самар расонд.

Ҳайати "Регар" ТадАЗ дар ин бозӣ чунин буд: Додов, Рустамов, Чориев, Ҳасанов (Ҳакимов, 65), Маҳмудов, Ҳақбердиев, Тӯхтаев, Носиров, Баротов (Холбеков, 77), Рабимов, Абдуллоев.

Пас аз анҷоми бозӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии "Регар" ТадАЗ ба сомонаи интернетии Конфедеросиюни футболи Осиё гуфт:«Покистониҳо тамоми бозӣ, аслан, таваҷҷӯҳи худро ба ҳимояи дарвозаашон равона карда буданд, аммо ман мутмаин будам, ки бачаҳои мо ҳатман гол мезананд.»

Ёдовар мешавем, "Регар" ТадАЗ дар бозии аввали худ дастаи «Транспорт Юнайтед»-и Бутанро бо ҳисоби барои ин мусобиқот рекордии 13:0 мағлуб карда буд. Дар ин бозӣ панҷ тӯбро капитани даста Хуршед Маҳмудов ба нишон расонд. Ҳамчунин Аббос Абдуллоев ва Маъруф Рустамов дуголӣ, Раҳмоналӣ Баротов, Иброҳим Рабимов, Абдулло Умарбоев ва Фарҳодҷон Холбеков якголӣ заданд.

Рақиби навбатии "Регар" ТадАЗ - дастаи СК "Ратнам"-и Шри-Ланка мебошад ва ин бозӣ рӯзи 24-уми сентябр баргузор мешавад.

"Регар" ТадАЗ нахустин барандаи Ҷоми президенти AFC дар ду соли пеш мебошад. Ва аммо қаҳрамони соли гузаштаи Тоҷикистон - дастаи "Вахш" дар бозии ниҳоӣ аз"Дордой - Динамо"-и Қирғизистон шикаст хӯрда буд. Ба назари коршиносон бозии ниҳоӣ имсол низ миёни қаҳрамонҳои футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон сурат мегирад.

Ҷоми президенти AFC барои қаҳрамонҳои кишварҳои ба истилоҳи Конфедеросиюни футболи Осиё "зуҳурёфта" мебошад. Аз Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ва Қирғизистон ба феҳрасти ин кишварҳо шомил шудаанд.
XS
SM
MD
LG