Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифи Путин ҳизби худро таъсис дод


Дар остонаи интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ дар Русия сарвазири собиқи ин кишвар Михаил Касянов ҳизби сиёсии худро таъсис дод.


Ба иттилоъи хабаргузории Интерфакс, анҷумани муассисони Ҳизби мардумии барои демократия ва адолат дар шаҳри Поведникӣ баргузор шуд.


Михаил Касянов, ки сиёсатмадори либерол маҳсуб мешавад, қасд дорад, дар интихоботи раёсати ҷумҳури Русия дар моҳи марти соли 2008 ширкат варзад.
XS
SM
MD
LG