Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷазову сазои интернетии Тоҷикистон


ИЗҲОРОТИ САҲА

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар як изҳороти худ аз тағйироти нав дар бандҳои 135 ва 136-и қонуни кайфарии Тоҷикистон ва имзо шудани ин тарҳ аз тарафи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори нигаронӣ кард. Дар ин иловаҳо ба кодекси ҷиноӣ барои маълумоти носаҳеҳ, бӯҳтон ва беобрӯкунанда дар интернет ва калимаву ибораҳое, ки шарафи инсонро поймол мекунанд, ҷазои ҷиноӣ таъин шудааст. САҲА ин тасҳеҳро манфӣ шумурда, аз Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҳамчун кишвари узви САҲА даъват кард, онро бознигарӣ кунад.

ШАРҲИ ҲАРАШТӢ

Аз масъули САҲА дар умури озодии матбуот, ҷаноби Миклош Ҳараштӣ дар як сӯҳбати телефонӣ пурсидам, сабаби нигаронии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз тағйирот дар қонунҳои Тоҷикистон чист?

"Муддати мадидест, мо ба кишварҳои ширкаткунанда машварат медиҳем, ки зимни ӯҳдадориҳои муштараки онҳо ба маҷрои озоди иттилоъ ва озодии матбуот ҷиноӣ кардани иштибоҳҳои журналистонро қатъ кунанд, ҷазоҳои ҷиноиро аз ин ришта комилан бардоранд ва муҳокимаро ба зиммаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ё дар ҳолати бадтаринаш ба додгоҳи шаҳрвандӣ ва маъмурӣ бидиҳанд. Ин тағйири ахир, ки дар қонуни кайфарии Тоҷикистон ба амал омад, имконияти дигаре шуд, ки мо боз ба ҳамин масъала таъкид кунем. Мақсад ин аст, ки журналистон дар иҷрои вазифаи худ бояд аз тарсу ҳарос озод бошанд.Аммо дар Тоҷикистон ҳодисаи баракс ба амал омад. Яъне ин тарсу ҳарос ба интернет ҳам густариш дода шуд. Дар тағйири қонун калимаҳои бунёдие истифода шуданд, ба монанди интернет, интишор, иттилоъ ва ғайра. Ва ба шевае ки метавонанд ба ҳама баҳсҳоеро, ки дар интернет мешаванд, ҳолати ҷиноӣ бидиҳанд. Интернет, тавре медонед, миллиардҳо ҷузв дорад. Он худ матбуот нест, балки расонандаи ҷаҳонист ва аз веблог, почтаи электронӣ, форумҳои гуногун ва порталҳо иборат аст. Ва ин қонун ба ҳамаи онҳо дахл мекунад ва аз марзҳои Тоҷикистон ҳам берун меравад, зеро аксари кулли сомонаҳо дар хориҷ аз Тоҷикистон омода мешаванд. Яъне фикр ин аст, ки ин қонун ҳарчанд бо ҳадафҳои нек пайдо шуда бошад ҳам, барои мубориза бо сухани бад, маънии бад, пайомади он хеле ҷиддӣ хоҳад буд дар маҳдудгардонии маҷрои озоди иттилоъ, баҳси озоди масъалаҳои ҷамъиятӣ ва ман бовар дорам, ки Маҷлиси Олӣ, порлумони Тоҷикистон, бояд дубора ба ин қонун баргардад ва онро ислоҳ кунад."

СУОЛИ ДИГАР

Ҷаноби Ҳараштӣ, вақте ки ин иловаҳо ба қонун қабул мешуд, аксарият бар ин буданд, ки татбиқи онҳо дар амал номумкин хоҳад буд. Вале, аллакай як парвандае мавҷуд аст, манзурам, парвандаи хабарнигорони нашрияи "Овоза", ки барои истифода аз маводи интернет ба миён омадааст ва додситонҳо гуфтаанд, ношири интернетиро низ ба ҷазо хоҳанд кашид.

"Бале, ман аз ин парванда хабар дорам ва мо онро низ зери назар дорем. Тасаввур кунед, ки агар шикояти як овозхон журналистонро ба зиндон барад ва ё онҳо ҳукми додгоҳ гиранд, чӣ ҳолате ба амал хоҳад омад, агар сиёсатмадорон ин силоҳи навро мавриди истифода қарор диҳанд? Ман бовари қатъӣ дорам, ки ин қонун бояд иваз шавад, бояд чунин парвандаҳо ҷиноӣ набошанд. Беҳтар аст, ин баҳсҳо дар муҳокимаҳои шаҳрвандӣ ҳалли худро ёбанд. Ман мехоҳам, ин ҷо суханони коргардон ва драмнависи машҳури рус Станиславскиро нақл кунам, ки мегӯяд, агар дар бахши аввали намоиш дар девор шамшер овезон бошад, дар бахши охир касе ин шамшерро ба кор хоҳад бурд. Ман метарсам, ки ягона роҳ аз девор баркандани ин шамшер аст."

Ҳамин гуна сӯҳбате доштам бо ҷаноби Миклош Ҳараштӣ, намояндаи аршади САҲА дар умури озодии матбуот.

ВОКУНИШИ ДАВЛАТ

Барои дарёфти вокуниши мақомоти Тоҷикистон, мо ба дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷӣ муроҷиат кардем ва раиси Департаменти иттилооти ин вазорат ҷаноби Давлат Назрӣ чунин гуфт: "Гап сари он аст, ки ин қонунгузорӣ аввалин бор матраҳ шуд дар ҷумҳурии мо ва он чӣ ба бор меорад ва чӣ натиҷа медиҳад, инро алҳол касе гуфта наметавонад. Барои ҳамин ман гумон мекунам, ки нигаронии ОБСЕ дар ин масъала бармаҳал аст ва фикр мекунам, ки беҳтар мешуд, агар ба шарте ки мо каме сабр мекардем ва медидем, ки ин қонун чигуна кор мекунад. То он ҷое ки ман медонам, то имрӯз касе барои қонуншиканӣ тавассути интернет ба ягон маҳкама кашида нашудааст ва ягон кори ҷиноятие боз нашудааст ва ба андешаи ман, чунин вокунишҳо алҳол асоси воқеъӣ надорад ва мебоист, кормандони масъуле, ки чунин мониторинг мегузаронанд ва чунин маводро тайёр мекунанд пеш аз тайёр кардани чунин изҳорот ва паҳн кардани бояд сари ин масъала ҷиддитар меандешиданд. Худи интернет на танҳо барои ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои дигар кишварҳо низ як мавзӯъи нав аст ва лозим он аст, ки мо ба ин масъала аз дигар дарича нигоҳ кунем ва шояд таҷрибаи Тоҷикистон ягон чизе ба бор орад, ки барои дигар давлатҳо низ боиси таваҷҷӯҳ қарор гирад."

ОХИРСУХАН

Дар ҳақиқат интернет барои қонунгузорон як падидаи нав аст ва дар бисёр кишварҳо баҳсҳои танзими қонунмандонаи кори он идома доранд. Вале иловаҳо дар қонуни кайфарии Тоҷикистон нав нестанд ва бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳарчанд дар ин бобат баҳс карданд, хеле зуд аз ин андеша ҳамчун як чораи зараровар ва беҳосил даст кашиданд. Баҳсҳои ҷаҳонӣ на ба мӯҳтавои интернет, балки ба ҷанбаъҳои тиҷоратӣ ва ҳуқуқии он пайванд доранд. Монанди ҳифзи номи домейн, моликияти зеҳнӣ ва ҳуқуқи муаллифӣ, реклом дар интернет, истифодаи нармафзорҳо ва ғайра. Танҳо Олмон ва Фаронса роҷеъ ба мӯҳтавои интернет қонунҳои алоҳида доранд, ки дар онҳо таблиғи фошизм мамнӯъ эълон шудааст. Талошҳои Русия дар ин самт бенатиҷа буданд, зеро қонунгузорон ба натиҷае расиданд, ки бахши аъзами интернет ғайриқобили назорат мебошад. Дар аксари кишварҳои пешрафта мӯҳтавои интернетро оиннома ва маромномаҳои ахлоқи журналистӣ, ки таблиғи ҷанг, фаҳш ва нажодпарастиро мамнӯъ медонанд, танзим мекунанд.
XS
SM
MD
LG