Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон: Таҳримҳои нав, эълони ҷанг ё идомаи гуфтушунид?


Намояндагони панҷ кишвари узви доимии Шӯрои Амният ва ҳам фиристодаи Олмон гуфтушунид дар Вошингтонро босамар номиданд. Онҳо, ки тарҳи қатъномаи нави зидди Эронро омода мекунанд, гуфтаанд ҳамзамон бо таҳримҳои нав мехоҳанд бо гуфтушунид Эронро қатъи ғанисозии ураниум моил гардонанд.



Ҷаласа паси дарҳои баста ҷараён дорад, вале то оғози он кишварҳои узв ба ҳадди зиёд мавзеъгириҳои худро эълом доштаанд. Чунончи, Иёлоти Муттаҳида, Бритониё ва Фаронса тарафдори ташдиди таҳримҳоянд, аммо Русия ва Чин ин иқдомро зудҳангом мешуморанд. Баҳси асосӣ сари ин аст, ки ду басти гузаштаи таҳримҳо то ҳоло чӣ натиҷа додаанд.



Шенон Кайл, коршиноси аршади умури ҷилавгирӣ аз густариши силоҳи ҳастаӣ мегӯяд: "Дар ин маврид ақидаҳо гуногунанд. Ба фикри ман, хулосаи умумӣ ин аст, ки онҳо то андозае таъсир доштанд, аммо ин таъсир хеле маҳдуд буд. Ва албатта, ду бастаи таҳримҳо, ки то ҳоло ҷорӣ шуданд, ба дараҷаи кофӣ муҷозотӣ набуданд, то созмони тамоюлҳои Эронро барои қонеъ шудан ба қатъи ғанисозии ураниум тағйир диҳанд, он гуна ки қатъномаҳои Шӯрои амният дар назар дорад."



Дар ҳамин ҳол президенти Фаронса Николас Саркозӣ гуфтааст, таҳримҳои мавҷуда кофӣ нестанд ва бояд таҳримҳои қавитаре эълон шаванд, вале вай зикр кардааст, ки хоҳони ҷанг дар Эрон нест. Қарор аст, матни ниҳоии қатъномаи навро вазирони умури хориҷии кишварҳои узви доимӣ дар Шӯрои Амнитяи СММ ва Олмон ҷумъаи ҳафтаи оянда дар мулоқоти Ню Йорк баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG