Пайвандҳои дастрасӣ

Русия Амрикоро дар нияти ҷосусӣ айбдор кард


Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ҳадафи аслии Амрико барои истиқрори сипари дифоъии мушакӣ дар Аврупо қасди ҷосусӣ дар бораи Русия аст, на рафъи ҳамлаҳои эҳтимолии мушакии Эрон.


Давлати Русия ба Иёлоти Муттаҳида пешниҳод кардааст, ки пойгоҳии радарии Қабала дар Озарбойҷонро ҳамроҳ истифода кунанд, ки дар ихтиёри Русия қарор дорад. Аммо Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, Қабала сипарии дифоъӣ дар Аврупоро иваз карда наметавонад.


Дар мусоҳиба бо телевизиони Русия Сергей Лавров гуфт, мушоҳидаи қаламравҳои ғарбии Русия то Урал аз пойгоҳи Қабала номумкин аст, аммо аз Ҷумҳурии Чех имкон дорад. Амрико мехоҳад, радар ва мушакҳои худро дар ҷумҳурии Чех ва дар Лаҳистон ҷойгир кунад.
XS
SM
MD
LG