Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА озодии интернети Тоҷикистонро мехоҳад


Cозмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз давлати Тоҷикистон хост, ислоҳоти ворида ба Кодекси ҷиноиро, ки барои бӯҳтону тавҳин дар интернет ҷазо муқаррар кардааст, лағв намояд.


Миклош Ҳарастӣ, намояндаи созмони мазкур дар умури озодии матбуот зимни як баёнияи расмӣ аз порлумон ва ҳукумати Тоҷикистон хост, Кодекси ҷиноиро ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ кунанд ва дастрасии озодии мардум ба ахборро таъмин намоянд.


Тобистони имсол порлумони Тоҷикистон Кодекси ҷиноиро ислоҳ кард, ки бар асоси он барои бӯҳтон дар интернет то ду соли зиндон ҷазо муқарар шудааст. Хабарнигорони тоҷик мегӯянд, ин ислоҳот як воситае барои маҳдуд кардании озодии матбуот аст.
XS
SM
MD
LG