Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили ҳамгироӣ дар Созмони Авросиё


Имрӯз дар шаҳри Душанбе Григорий Рапота, дабири кулли созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авросиё, бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мулоқот анҷом дод.

Ба қавли оқои Рапота, ӯ дар ин дидор бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон масоили матраҳшаванда дар нишасти сарони кишварҳои узви ин созмонро, ки қарор аст, ибтидои моҳи октябр дар Душанбе баргузор шавад, баррасӣ карданд.

Ҳамчунин оқои Рапота дар ҳузури хабарнигорон дар бораи мушкилоти феълии ҳамгироии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авросиё суҳбат кардааст.

Григорий Рапота афзуд, ӯ президент Раҳмонро аз таҳияи заминаи ҳуқуқии иттиҳоди гумрукии Иттиҳоди Авруосиё огаҳ кардааст.

Г. Рапота мегӯяд, моҳи октябр дар нишасти сарони ин кишварҳо дар Душанбе қисмате аз асноди Иттиҳоди гумрукии ин созмон ба тасвиб расида, санадҳои дигар ба Шӯрои байнидавлатии сарвазирони кишварҳои узви созмони Авросиё пешниҳод хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол Рапота мегӯяд, ки мушкили аслии ҳамгироии кишварҳои узви созмони Авросиё мушкили иқтисодист: «Баъди пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ моделҳои мухталифи иқтисодии кишварҳои навистиқлол ба ҳам мутобиқат намекарданд. Ва ин мушкили аслии ҳамгироии иқтисодии кишварҳои Созмони Авруосиё мебошад».

Дабири кулли Созмони Авруосиё дар мавриди мушкилоти ҳамгироии Тоҷикистону Узбакистон аз ҷумла гуфт, яке аз масоили муҳим дар ин маврид вуҷуди низоми раводид миёни ин кишварҳост, ки барои рафъи ин мушкил мувофиқати ҳуқуқӣ зарур аст ва он ҳоло дар садади омодагӣ қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки коршиносони тоҷик нақши созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авросиёро барои кишварҳои узв номуассир унвон мекунанд ва мегӯянд, дар робита барои ҳамгироии ин кишварҳо саддҳои зиёд бояд тахриб карда шаванд. Ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси тоҷик, агар фаъолияти созмони ҳамкориҳои Авросиё муассир мебуд, андешаи таъсиси созмони минтақавии ҳамсон уновони созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиёи марказӣ дар тафаккури сарони ин кишвар пайдо намешуд.
XS
SM
MD
LG