Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Мӯҳри гули мино» - и Фарзона


Дуи дубора ба дунё салом мегӯям,
Ба офтобу ба дарё салом мегӯям!
Дилам чу ҳуҷҷати сурхи баҳор пеши шумост.
Ба мӯҳри он гули мино салом мегӯям!
Баҳортар зи баҳорам миёни чиллаи дай,
Ба ғунча – ғунча таманно салом мегӯям!


Ин порае аз як шеъри Фарзона – шоираи тоҷик аз маҷмӯъаи нави ашъори ӯст. Фарзона унвони ин китоби тозаи худро аз ҳамин шеъраш интихоб кардааст: «Мӯҳри гули мино.»

Беш аз 300 шеър ва 180 рубоиву дубайтии ин китоби ашъор ба гунае тафсири маънии ҳамин мӯҳри гули ҷовидонии ишқу меҳр ва нуру хуршед аст. Фарзона мегӯяд, то ҷаҳон ва шеъру хонандаи шеъре ҳаст, аз ин ҷону рӯҳи шоир ба гуфтани шеъри нав таҳрик меёбад:

«Хушбахт нафарест, ки китоби ӯро дигарон китоби дили худ, дастури ҷону рӯҳи худ пазиранд. Барои дигарон арзишу мӯҳтавое дошта бошад ва радифу муродифи ҳамешагӣ бошад. Аммо ман ҳанӯз дар миёни ин хушбахтон қарор надорам. Вале медонам, ки як – ду нафаре ҳаст дар ин олам, ки ба ҳамин шеърҳо ниёз дорад ва будани ин хонанда дили маро гарм мекунад. Будани як хонанда маро ба олам, ба шеър, ба романтика, ба баҳор, ба ҳар чизи отифӣ ва дар маҷмӯъ, ба кулли зиндагӣ ва ишқ пайванд медиҳад.»

Аммо паёми Фарзона ба Олам ва Инсон ба василаи Шеър аст, шеъре рӯшан, мисли амвоҷи хуршед. Нурмуҳаммад Ниёзӣ – шоири тоҷик мегӯяд, дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон одамон ҳатто ба рӯшании зоҳирӣ ниёз доранд, бахусус, дар шабҳои дароз ва тираву тори зимистон дар пайи надоштани барқу газ дар утоқҳои зисти худ, ҳамагон бештар дар бораи мушкилоти иҷтимоӣ меандешанд. Аммо дар ин ҳол, шеъри Фарзона ба қалбу рӯҳи одамон нуру рӯшноии маънавӣ, умед ва боварӣ ба фардо ворид мекунад. Оқои Ниёзӣ меафзояд:

«Худи Фарзона мегӯяд, ки «Гар маро беҳиҷоб мебинӣ,
Субҳам, ман зи субҳ субҳтарам.

Ё дар ҷои дигар мегӯяд – «Гӯянд, ки мурд хуни Машриқ, Рӯҳи фалаҷаш зи пар задан монд. Бархез, эй офтоби улви, афрӯз ҷабини ховаронро.»

Дар як шеъраш бо муроҷиат ба духтараш – Шоҳона мегӯяд «Кош, дунё бо ту аҳди муҳаббат бандад, Кош, акси ту дар оинаи фардо хандад.»

Аммо ин орзуе, ки Фарзона ба духтараш мекунад, барои худи ӯ амалӣ шудааст. Имрӯз, Фарзона бо дунёву ҷаҳон аҳди муҳаббат бастааст, нақши ӯ дар оинаи фардо аллакай таҷаллӣ ёфтааст.»



Садои ишқ! Давоми раҳам чароғон кун,
Маро фаришта кун, оре, маро ҳам инсон кун.
Биё ба чашми ғизолам набераи Маҷнун,
Маро ба бар кашу хушбахт чун биёбон кун.
Куҷо равам, ки раҳо ёбам аз ҷаҳолати хасм,
Маро бигиру ба сандуқи сина пинҳон кун.
Чу шабнамона ба рӯи кафи ту меларзам,
Чу ман ҳақиқати шаффофи хеш урён кун.
Шумораи тилифуни маро зи борон пурс,
Зи пушти панҷараи сабзи ёд тилфон кун.
Агар ба дидани ман оӣ, эй масеҳонафас,
Ҳазор сузани хуршед дар гиребон кун,
Ту беҳ зи ман бишиносӣ тариқати рафтан,
Салоҳи туст, ҳар он чи ту хости, он кун.



Маҷмӯъаи тозаи ашъори Фарзона бо сарпарастии намояндагии Бунёди Сорос дар Тоҷикистон бо теъдоди як ҳазор нусха дар матбаъаи «Ношир» - и Хуҷанд ба нашр расидааст. Дар таърихи 20 – уми сентябр дар дафтари Бунёди мазкур дар Хуҷанд маҳфили муаррифии ин китоби Фарзона бо иштироки адибону донишмандон ва дӯстдорони шеър баргузор гардид. Гуландом Набиева - ҳамоҳангсози барномаҳои фарҳангии Бунёди Сорос дар Тоҷикистон гуфт, ҳарчанд ин созмон як барномаи вижаи нашри китобҳои бадеӣ рӯи даст надорад, аммо бо назардошти он ки бисёр адибони тоҷик дар ҳоли кунунӣ худ имкони молии чопи китобашонро надоранд, ба тариқи истисно баъзе китоби онҳоро ройгон табъу нашр мекунад. Ҳамчунин ӯ афзуд, ки ин китобҳо ба тариқи ройгон ба китобхонаҳои ҷумҳурӣ паҳн карда мешаванд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG