Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушарраф боз дар талоши шарафи раёсатҷумҳурӣ


Генерал Парвиз Мушарраф, ки ҳашт сол қабл бар асари як кудатои бехун дар Покистон сари қудрат омад, бо вуҷуди эътирози шадиди мухолифин дар бораи ширкат дар даври навбатии интихоботи раёсатиумҳур тасмим гирифт. Мӯҳлати президентии Мушарраф рӯзи 15 ноябр поён меёбад.

Дар ҳоле, ки нуфузи раисҷумҳур моҳҳои ахир ба карат поин рафтааст, Лигаи мусалмонии Покистон - эътилофи ҳукмрон дар парлумон мегӯяд, барои дубора дар ин маснад интихоб кардани Парвиз Мушарраф раъйҳои заруриро дар ихтиёр дорад.

Муҳаммад Алӣ Дурронӣ - вазири иттилооти Покистон эълони рӯзи интихоботи раёсатиҷумҳурро рӯзи нек дар таърихи кишвар арзёбӣ кард. Ва аммо Роҷа Зафарулҳақ, яке аз раҳбарони ҳизби сарвазири пешин Навоз Шариф Комиссиюни интихоботро дар шитобзадагӣ айбдор кард. Дигар аз раҳбарони ин ҳизб Содиқӣ ал-Фуруғ эълом дошт, ки агар Комиссиюни интихобот Парвиз Мушаррафро сабти ном кунад, ҳизб ҳама вакилони худро аз парлумон ва маҷлисҳои вилоятҳо оҷилан берун мекашад. Ахиран Қозӣ Ҳусайн Аҳмад - раҳбари ҳизби "Ҷамоати исломӣ"- дигар аз ҳизби мухолифи ҳукумат гуфт, онҳо низ аз ҳамин гуна иқдом кор хоҳанд гирифт.

Ҳизби мардумии Беназир Бҳутто, дигар аз раҳбарони пешини Покистон, ки музокироташ бо Парвиз Мушарраф дар бораи тақсими ҳукумат мутаваққиф шудааст, ҳушдор дод, ки агар раиси ҷумҳур мақоми фармондеҳи артишро қабл аз интихобот тарк нагӯяд, Ҳизби мардумӣ бо ҳизби Навоз Шариф ва эътилофи исломӣ мепайвандад.

Раисҷумҳури Покистон аз сӯи коллегияе интихоб мешавад, ки ба он аъзои ду палатаи парлумон - Ассамблеяи Миллӣ ва Сенат ва аъзои маҷлисҳои чаҳор минтақа - Панҷоб, Синд, Балуҷистон ва Вилояти марзии Шимолу Ғарбӣ шомиланд. Раъйдиҳӣ дар ҳама маҷлисҳо соати 10 ба вақти маҳаллӣ сурат мегирад. Номзади бештари раъйҳоро соҳибшуда барои панҷ соли оянда раисҷумҳури Покистон эълон мешавад.
XS
SM
MD
LG