Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марҳилаи нави Осиёи Марказӣ


Брюс Панниер Ба назар мерасад, ки Осиёи Марказӣ як давраи нави рушди ҳамкориҳоро аз сар мегузаронад. Раҳбарони кишварҳои минтақа зуд-зуд ба ҳам мулоқот намуда, дар бораи зарурати тавсеаи ҳамкориҳо ҳарф мезанад. Ин гуна вохӯриҳо баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳодисаи нодир ба шумор мерафт.

Дар Осиёи Марказӣ ҳар чӣ бештар рағбати тавсеаи ҳамкориҳо эҳсос мешавад. Мисоли ахир сафари дурӯзаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон аст, ки 19 сентябр бо муваффақият хотима ёфт. Дар поёни мулоқот бо президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дар шаҳри Бешкек президенти Тоҷикистон гуфт:

"Мо масъалаи душвори ташхиси марзро, ки аз замони Шӯравӣ мерос мондааст, баҳс намуда, таъкид кардем, ки онро бо рӯҳияи бародарӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва фазои созанда бо эҳтироми манфиатҳоямон рафъ менамоем."

Шореҳон ёдовар мешаванд, ки ин аввалин сафари президенти Тоҷикистон ба Қирғизистон баъди инқилоби моҳи марти соли 2005-ум аст, ки Қурмонбек Боқиевро сари қудрат овард.


Моҳи равон президенти Тоҷикистон раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро меҳмондорӣ кард. Аз натиҷаи ин сафар мардуми Тоҷикистон хушҳол хоҳад буд. Дар шаҳри Душанбе президент Назарбоев гуфт:

" Мо мувофиқат намудем, ки як бунёди хос ба маблағи 100 миллион доллар таъсис диҳем. Ҷониби қазоқ бахши бузурги ин бунёдро сармоягузорӣ мекунад. Бунёд ба нафъи иқтисоди Тоҷикистон амал хоҳад кард. Бовар дорам, ки ин дастгирии хуб хоҳад буд. "


Пеш аз сафари Тоҷикистон Назарбоев ба Туркманистон ташриф оварда буд. Дар нишасти матбуотии шаҳри Ашқобод президенти туркман Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов гуфт, ки равобити миёни Туркманистону Қазоқистонро рӯзҳои хубе интизор аст:

"Яке аз масъалаҳои авлавиятноки ҳамкории мо тавсеаи равобити дуҷонибаи тиҷориву иқтисодӣ мебошад. Дар ин робита мо имкон дорем, ки дар соҳаи тиҷорат, энергетика, нақлиёт ва мухобирот лоиҳаҳои бузургеро татбиқ намоем."


Соли равон Туркманистон тасмим гирифт, аз нав ба шабакаи нерӯи барқи Осиёи Марказӣ пайваст шавад. Собиқ президенти ин кишвар Сапармурод Ниёзов Туркманистонро аз ин шабака канда буд. Ҳамин тариқ агар Узбакистон мухолифат накунад, зимистони имсол Тоҷикистон метавонад аз Туркманистон нерӯи барқ харидорӣ намояд.


Зимнан, Узбакистон ҳам аз давраи нави рушди равобити минтақавӣ дар канор намондааст. Моҳи октябр президенти Узбакистон Ислом Каримов ба Тоҷикистону Туркманистон сафар хоҳад кард.


Хулоса, шореҳон се омилро нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҳамкориҳо меноманд:

1) Тағйири қудрат дар Туркманистон. Президенти нави ин кишвар Бердимуҳаммадов сиёсати канораҷӯии довталабонаи раисҷумҳури пештараи ин кишварро идома надод ва дар паи тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ мебошад.

2) Қазоқистон ҳар чӣ бештар ҳамчун пешвои минтақа зуҳур намуда, тасмим гирифтааст, даромад аз содироти маводи сӯхтро дар лоиҳаҳои бузурги кишварҳои Осиёи Марказӣ ба монанди сохзтмони нерӯгоҳҳои обиву барқии Тоҷикистон масраф намояд.

3) Билохира омили сеюми рушди ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Осиёи Марказӣ номида мешавад. Ба қавли шореҳон раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дарк мекунанд, ки ҳамоҳангии онҳо дар музокирот бо кишварҳои абарқудрат ба нафъи кор аст.
XS
SM
MD
LG