Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бағдод: коҳиши 50-дарсадии ҳодисаҳои хушунатомез


Генерал лейтенант Рей Одиерно, фармондеҳи дуввуми нирӯҳои ИМА дар Ироқ, имрӯз эълом доштааст, ки аз моҳи январ ба ин сӯ ҳодисаҳои хушунатомез дар Бағдод 50 дарсад камтар шуда, бамгузории мошинҳо ва таркишҳои худкушона ба поинтарин сатҳи солона расидаст. Вай ҳамчунин гуфт, ки хушунат дар дигар манотиқи Ироқ низ рӯ ба коҳиш аст.

Генерали ироқӣ Қамбар Абуд, ки низ дар ин нишасти хабарӣ ҳузур дошт, гуфт, зиндагӣ ба ҳолати мӯътадил бармегардад. Дар ин байн ҳарбиёни амрикоӣ дар Ироқ мегӯянд, як афсари эрониро бо иттиҳоми қочоқи бомбаи сарироҳӣ ба Ироқ боздошт кардаанд.


Гуфта мешавад, ин шахс афсари нерӯҳои Ал-Қудс, саромади Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, буда, дар тамрин додани ошӯбгарон низ айбор мешавад.
XS
SM
MD
LG