Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

NАТО боз як соли дигар дар Афғонистон мемонад


Шӯрои Амнияти СММ мандати нерӯҳои эътилофи байнулмилалии таҳти сарварии NАТО дар Афғонистонро барои як соли дигар тамдид кард.


Дар ин қатънома гуфта мешавад, СММ аз афзоиши хушунат ва фаъолиятҳои террористии толибҳо, ал-Қоида, гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва тоҷирону қочоқбарони маводди мухаддир нигарон аст.


Ин ҳам дар ҳолест, ки нерӯҳои байнулмилалии таҳти сарварии NАТО дар Афғонистон то 40 ҳазор нафар афзоиш дода шуданд, то бо ин вазъият муқовимат кунанд.
XS
SM
MD
LG