Пайвандҳои дастрасӣ

Киёни Тоҷбахш озод шуд


Академики эрониасли амрикоӣ Киёни Тоҷбахш аз маҳбаси Эвини Теҳрон озод гашт. Гуфта мешавад, ӯ, ки ба ҳайси мушовир дар пажӯҳишгоҳи «Ҷомиъаи боз»-и Ҷорҷ Сорос кор мекард, дар моҳи май бо иттиҳоми аъмоли хилофи амнияти миллии Эрон боздошт шуда буд.


Сухангӯи пажӯҳишгоҳи мазкур гуфт, оқои Тоҷбахш рӯзи чаҳоршанбе ба озодӣ баромад, аммо ҳанӯз дар Теҳрон аст. Дар ҳамин ҳол додвари парвандаи Киёни Тоҷбахш гуфт, гаравпулии озодии ӯ 100 ҳазор доллар будааст.
XS
SM
MD
LG