Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лубнон дар мотам нишаст


Имрӯз Лубнон дар мотами вакили порлумон Антуан Ғаним нишаст, ки дар як суиқасди дирӯза аз таркиши мошинҳои бамгузоришуда ба ҳалокат расид.


Бонкҳо, мактабу муассиса ва идораҳои давлатӣ баста буданд. Ғаним ҳафтумин чеҳраи зиддисуриёнии Лубнон аст, ки аз замони қатли сарвазири собиқи ин кишвар Рафиқ Ҳарирӣ дар соли 2005 ба ин сӯ кушта мешаванд.


Бархе аз сарони лубнонӣ Сурияро масъул медонанд, вале Димишқ дар як саф бо бисёр кишварҳои дигар ин суиқасдро маҳкум кардааст.
XS
SM
MD
LG