Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори вакили мардумӣ дар Байрут


hs

Дар қисмати шарқии Бейрут, пойтахти Лубнон як вакили мардумӣ ба қатл расид. Дар натиҷаи таркиши мошини пур аз маводи мунфаҷир Антуан Ғанем ва чанд тани дигар дар маҳаллаи насрониҳои Бейрут кушта шуданд.


Ғанем дувумин вакили насронӣ мебошад, ки дар давоми як сол ба қатл расидааст. Пеш аз ӯ моҳи ноябри гузашта Пер Ҷумайл, раҳбари гурӯҳи вакилони насронӣ ба қатл расида буд. Дар Вашингтон хонум Дана Перино, сухангӯи қасри Сафед кушторро маҳкум кард ва гуфт, қурбонии ин ҳамлаҳо шахсоне мебошанд, ки ба таври ошкоро саъй доштанд, нуфузи Сурия дар Лубнонро аз байн баранд.


Шӯрои амнияти СММ ва Русия ҳам ҳамларо маҳкум кардаанд. Хабаргузории давлатии Сурия - САНА навиштааст, ки куштор амали ҷиноӣ буда, ҳадаф аз он барбод додани кӯшишҳои эҷоди равобити ҳасана миёни Сурияву Лубнон аст.


Куштори дирӯза як ҳафта пеш аз интихоботи раёсатҷумҳурии Лубнон ба вуқӯъ пайваст. Вакилони мардумии Лубнон бояд ба ҷои президент Эмил Лаҳуди рӯ ба Сурия шахси дигарро интихоб намоянд.
XS
SM
MD
LG