Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Кондолиза Райс аз Бародеӣ


Хонум Кондолиза Райс, вазири хориҷаи Амрико, рӯзи чаҳоршанбе эълом дошт, ки барои қатъи барномаҳои ғанисозии урониюми Эрон бар зидди ин кишвар бояд тадобири шадиди дипломатӣ гирифта шавад. Ин дар ҳолест, ки рӯзи якшанбе Бернард Кучнер, вазири хориҷаи Фаронса, гуфт, ҷаҳон бояд бар зидди Эрон ба ҷанг омода шавад.

Хонум Райс дар мусоҳибае бо рӯзноманигорон аз тавзеҳот дар бораи ин изҳороти Кучнер худдорӣ кард, вале аз Муҳаммад ал-Бародеӣ, раиси Ожонсии байнулмилаллии энержии ҳастаӣ, интиқод кард, ки вай бо Эрон ба, истилоҳ, муросокорӣ мекунад.


Амрико ва Фаронса мехоҳанд бар зидди Эрон муҷозоти шадид эъмол шавад. Ба гуфтаи Шон Мак-Кормак, сухангӯи Вазорати хориҷаи ИМА, дар ин кишвар пешнависи ҷадиди таҳримҳо алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳоли омода шудан аст ва он рӯзи ҷумъа дар ҷаласаи Вазорати хориҷаи Амрико баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG