Пайвандҳои дастрасӣ

"Дон Кихот"-ҳои интихоботи президентии Узбакистон


Гулноза Сайидазимова Онҳо мегӯянд, умед надоранд, ки бар Ислом Каримов пирӯз меоянд, вале мехоҳанд, нишон диҳанд, ки президентро танқид кардан ва бо ӯ сарбасар шудан мумкин аст.

Дар ҳоле ки ҷумъаи 21-уми сентябр қарор аст, дар Узбакистон маъракаи таблиғи номзадҳои интихоботи президентӣ шурӯъ шавад, майдони мубориза холӣ ва сокит аст, зеро то ҳол ҳеч номзаде сабтином нашудааст. Танҳо чаҳор нафар ба воситаи интернет эълон кардаанд, ки мехоҳанд дар ин сабқат ширкат кунанд.

Ҷаҳонгир Шосалимов ва Абдулло Тоҷибойуғлӣ сокинони Тошканд, Аҳтам Шоҳимардонов аз Чирчиқ ва Сӯҳбат Абдуллоев аз Хоразм ҳамагӣ аъзои як созмони сабтиномнашудаи дидбони ҳуқуқи инсон буда, Абдуллоев бар замми ин профессор ва пизишк аст. Ҳеч кадоми онҳо асноди худро ба Кумисюни марказии интихоботӣ пешниҳод накардааст. Тибқи қонунҳои феълии Ӯзбакистон ҳизбҳои сиёсӣ ё гурӯҳҳои ташаббускори на камтар аз сесаднафара метавонанд, номзад пешбарӣ кунанд. Номзад ҳамчунин бояд имзои 700 000 нафарро, ҳамчун тарафдорони худ, ҷамъоварӣ ва ба кумисюни интихоботӣ пешниҳод кунад.

Ин ҳомиёни ҳуқуқи инсон моҳи гузашта аз ин талаботи қонун эътироз карданд. Яке аз онҳо, Тоҷибойуғлӣ ба Бахши узбакии Радои Озодӣ гуфт: "Ҳангоми ҷамъоварии имзоҳо ман бояд дар бораи тарафдорони худ маълумот диҳам. Ҷои истиқомат, шумораи шиноснома, зодгоҳ ва ғайра. Ин чиз онҳоро зери зарба мегузорад."

Коршиносони умури сиёсии Узбакистон ҳадс мезананд, ки шояд сарони ду ҳизби мухолиф, Абдураҳими Пӯлод аз "Бирлик" ва Муҳаммад Солеҳ аз "Эрк" низ хоҳиши ширкат дар интихоботро дошта бошанд. Аммо қонун ба ин монеъ мешавад, зеро онҳо даҳ соли охир дар Узбакистон назистаанд. Ҳарду мегӯянд, ҳиҷрати онҳо ҳолат маҷбурӣ буд, биноан бояд ба эътибор гирфта нашавад.

Санҷар Умаров, раҳбари як созмони дигари номнависнашудаи мухолифон -- "Узбакистони офтобӣ" барои иддаъои президентӣ ҳоло дар ҳабс ба сар мебарад. Вай, ки як соҳибкори сарватманд буда, дар Иёлоти Муттаҳида робитаҳои қавӣ дорад, соли гузашта бо айбномаи дуздӣ, напардохтани молиёт ва пулшӯӣ ба ҳафтуним соли зиндон маҳкум шуд. Хабар мерасад, ки вазъи саломатии ӯ бад аст. Дар зимн ба чаҳоргонае, ки аз тариқи интернет орзуи президентӣ кардаанд, низ ҳамлаҳои аёну ноаён сар шудаанд.

Нозирони авзоъ мегӯянд, гумон намеравад, президенти феълии Узбакистон Ислом Каримов, ки 18 сол ба ин тараф ин кишварро дар мушти оҳанин дорад, майдонро барои дигарон холӣ мекарда бошад. Ҳарчанд тибқи қонун ӯ ҳақ надорад, ин навбат дар интихобот ширкат кунад, таҳлилгарон мегӯянд, ба зудӣ ё қонун иваз хоҳад шуд ё далели дигаре пайдо хоҳад шуд, ки Каримовро дар курсӣ нигаҳ дорад.

Сӯҳбат Абдуллоев, яке аз номзадҳои интернетӣ иқрор мекунад, ки низоми интихоботии Ӯзбакистон аз фанду фиреб иборат аст ва ҳаргиз ба интихоботи ҳақиқӣ роҳ намедиҳад. Пас чаро бояд заҳмат кашид ва оё ӯ ба Дон Кихоте монанд намешавад, ки бо осиёҳои бодӣ ба ҷанг меояд? Посухи ӯ чунин буд: "Дон Кихот девонаи олиҷаноб буд. Мо девона нестем. Кӣ медонад, мумкин монанди Дон Кихот будан дар ин раванд беҳтар аст. Албатта, мушкил, вале бояд онро гузашт, бояд касе пеш дарояд."

Абдуллоев мегӯяд, қатъи назар аз натиҷаҳояш, амали онҳо омӯзонанда хоҳад буд, махсусан барои ҷавонон, ки фикр мекунанд, президентро танқид кардан ва ё бо ӯ сарбасар шудан номумкин аст. Вале аз он ҷо ки чунин номзадҳо дар Ӯзбакистон ҳаргиз ба матбуот ва расонаҳо дастрасӣ надоштанд, маълум нест, паёми онҳо ба ҷавонон чигуна хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG