Пайвандҳои дастрасӣ

Пушаймонии Кушнер аз вожаи "ҷанг"


Кондолиза Райс, Бунгоҳи байнулмилалии нирӯи ҳастаиро дар робита ба Эрон сарзаниш кард ва хостори як дипломатияи "газанда" дар қатъи фаъолиятҳои ҳастаии Теҳрон шуд. Вай гуфт, бунгоҳ як ниҳоди техникист ва набояд бо дипломатия машғул бошад. Ин ишорае буд ба изҳороти ахири раҳбари Бунгоҳи ҳастаӣ Муҳаммад Ал-Барадеӣ, ки дар пасманзари афзоиши сӯҳбатҳо аз ҷанг бо Эрон, ҳушдор дод, ки нахуст бояд аз ишғоли Ироқ сабақ гирифт. Зермаънои изҳороти ӯ аз забони вазири корҳои берунаи Русия Сергей Лавров низ садо дод, ки гуфт, ҷанги Ироқ низ бо гумонҳои мавҷудияти силоҳи ҳастаӣ дар ин кишвар шурӯъ шуда буд.

Хонуми Райс бо такрори ин ки кишвараш ҳамаи гузинаҳо, аз ҷумла амалиёти ҳарбии зидди Теҳронро аз эътибор соқит намедонад, кӯшиш кард, изтиробҳои нави эҳтимоли ҷангро сабуктар кунад. Вай гуфт, мутмаин аст, роҳкори дипломатӣ бонатиҷа хоҳад буд, аммо он бояд фишори ҷиддӣ низ дошта бошад. Райс дар гузашта низ Барадеиро дар тазъифи паёми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Эрон мутаҳҳам карда буд.

Дар ин байн Миср эълон кард, ки мухолифи ҷанги зидди Эрон аст ва мехоҳад, муносибатҳои дипломатиаш бо Теҳронро дар шакли комил барқарор кунад. Ин муносибатҳо ба нишони эътирози Теҳрон аз созишномаи сулҳи Мисру Исроил дар соли 1979 бурида шудаанд. Ба ақидаи коршиносон, қадами Қоҳира ба сӯйи Теҳрон як ангехтаи дигари изҳороти вазири умури хориҷии Фаронса Бернар Кушнер аст, ки гуфт, ҷаҳон бояд ба ҷанги Эрон омода бошад. Дар ҳоле ки ӯ акнун ба як сафари серӯза озими Вошингтон шудааст, мегӯяд, суханонаш нодуруст ташреҳ шудаанд ва манзури ӯ на хостани ҷанг, балки ҷилавгирӣ аз ҷанг будааст. Вай гуфт: "Ман ин вожаи бадбахт, яъне ҷангро, ки дигар ҳаргиз ба забон нахоҳам овард, барои он гуфтам, ки аз низоъи эҳтимолӣ пешгирӣ шавад."

Дар посух ба иттиҳоми густардаи матбуоти Эрон, Кушнер гуфт, бале, Фаронса ҳампаймони Амрикост, аммо фармонбардори он нест, ҳарчанд инро ҳам иқрор кард, ки аз рӯҳияи зиддиамрикоӣ дар кишвараш назар ба давраи Ширак камтар шудааст.

Хонуми Райс аз шарҳи суханони ҳамтои фаронсавияш худдорӣ кард, вале гуфт, мо ба ҳалли осоишта бовар дорем, аммо гузинаи ҳарбиро ҳам канор намегузорем. Қарор аст, Кушнер дар ин сафар бо Райс мавзӯъҳои марбути Ироқ, Эрон, Дорфур ва Ховари Миёнаро баррасӣ кунад. Мулоқоти дигари онҳо ҷумъаи 28-уми сентябр дар Ню Йорк ба амал меояд, ки дар он мавзӯъи Эрон асосӣ хоҳад буд. Ҳоло дар Вошингтон тарҳи қатъномаи нав, қатъномаи чоруме омода мешавад, ки бояд дар мавзӯъи Эрон ҳарфи охиринро занад.
XS
SM
MD
LG