Пайвандҳои дастрасӣ

700 кг маводи мухаддир ба коми оташ рафт


Имрӯз кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон беш аз 700 кг маводи мухаддири аз қочоқгарон мусодирашударо дар танӯри корхонаи «Тоҷиктекстилмаш» сӯхта маҳв сохтанд.


Дар ҳамин ҳол сардори раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири вазорат Файзулло Гадоев мегӯяд, ки дар робита ба қочоқи ин миқдор маводи мухаддир бештар аз 170 нафар, бо шумули 4 шаҳрванди Афғонистон, боздошт ва бо ҳукми додгоҳ зиндонӣ шудаанд.


Оқои Гадоев ҳамчунин афзуд, соли ҷорӣ боздошти қочоқгарони афғонӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба маротиб афзудааст. Ба гуфтаи ӯ, агар қаблан шаҳрвандони Афғонистон дар марз амалиёт анҷом медоданд, пас дар ин авохир амали ғайриқонунии онҳо бештар дар дохили Тоҷикистон мушоҳида мешавад.


Гуфта мешавад, дар соли ҷорӣ ин бори саввум аст, ки вазорати дохила маводи мухаддири мусодирашударо сӯхта гобуд мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз тарафи вазорати мазкур соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 2 040 кг маводди мухаддир кашфу мусодира шудааст ва ин миқдор 60 дарсади маҷмӯъи умумии мухаддироти аз ҷониби кулли мақомоти зидахл мусодирашударо ташкил медиҳад.

Барот Юсуфӣ, Душанбе.
XS
SM
MD
LG