Пайвандҳои дастрасӣ

Шикваи донишҷӯён аз пахтачинии маҷбурӣ


hs

Гурӯҳе аз донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, сиёсат ва тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз ҷалби иҷбории худ ба пахтачинӣ ба ҳукумати Суғд шикоят бурдаанд. Масьулини ҳукумати Суғд дастрас намудани чунин номаи шикоятии донишҷӯёнро таъйид карданд.


Беш аз 60 донишҷӯи ин Донишгоҳ, ки дар зери номаи шикоятӣ имзо гузоштаанд, гуфтаанд, ки Донишгоҳ мутобиқи қарордод бо донишҷӯён аз онҳо ҳаққи таҳсил меситонад, аммо ба ҷои хондан онҳоро ҳарсола ба пахтачинӣ равон мекунад. Дар сурати худдорӣ аз иҷрои муқаррароти низомномаи дохилии донишгоҳ, ки иштирок дар корҳои ҷамьиятиро ҳатмӣ медонад, донишҷӯ хориҷ хоҳад шуд.


Раёсати Донишгоҳи мазкур мегӯяд, сафарбарии донишҷӯён ба пахтачинӣ бо амри вазири маориф сурат гирифтааст. Аброр Мирсаидов – ноиби ректори Донишгоҳ номаи шикоятиро сохта номида афзуд, худи донишҷӯёну муаллимон ба ҳукумат барои иштирок дар пахтачинӣ муроҷиат кардаанд. Ҷаноби Мирсаидов гуфт, бо он донишҷӯёне, ки дар зери нома имзо гузоштаанд, сӯҳбат кардаанд ва донишҷӯён гуфтаанд, ки он имзоҳо имзои онҳо набуда қалбакист.


Дар ҳоли ҳозир, ҳудуди ҳазор донишҷӯи ДДҲСТ дар нохияи Ашт пахта мечинанд. Аз ҷумла, донишҷӯёни соли чаҳорум, ки аз пахтачинии иҷборӣ норизоӣ кардаанд.
Маъсуми Муҷаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG