Пайвандҳои дастрасӣ

Боқиев ба мардуми кишвараш муроҷиат мекунад


hs

Имрӯз, 19 сентябр, президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев бо паёме ба мардуми ин кишвар муроҷиат мекунад.


Суханронии телевизионии Боқиев дар ҳоле пахш мешавад, ки Қирғизистон дар рӯ ба рӯи ғавғои нави сиёсӣ қарор дорад.


Ҷумъаи 14 сентябр Додгоҳи конститутсионии Қирғизистон тағйиру иловаҳои соли гузашта ба сарқонуни ин кишвар ворид шударо аз эътибор соқит намуда, салоҳиятҳои президентро барқарор карда буд.


Дирӯз, 18 сентябр, вакилони порлумони Қирғизистон ба Додгоҳи конститутсионӣ адами эътимод баён намуданд.
XS
SM
MD
LG