Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоҳигарии Белгия дар фурӯш


нархи шоҳигарии Белгия ба 14 миллион евро расида буд. ки маъмурияти сомонаи Ибей ин ёълонро лағв намуд Як шаҳрванди Белгия ахиран кишвари худро дар музоядаи интернетии Ибей ба фурӯш баровард. То замоне

Як нашрияи маҳаллии Белгия навиштааст, ин кишварро собиқ рӯзноманигор ва феълан омӯзгор ҷаноби Сикс фурӯхтан хостааст. Ба ин васила, ӯ дар қиболи бӯҳрони ҳолии ҳукумати кишвараш эътирози худро баён доштааст. Аз интихоботи ахир дар ин кишвар беш аз сад рӯз сипарӣ мешавад ва аммо ҳанӯз ҳам сиёсатмадорон сари интихоби ҳукумати федеролӣ ба як фикри воҳид наомадаанд.

Фурӯшандаи Белгия дар эълони худ чунин навишта будааст: «Белгия – шоҳигариест, ки аз се қисмат таркиб ёфтааст. Шумо метавонед онро пурра бихаред ва ё қисм-қисм. Ёд дошта бошед, ки қарзи давлатӣ сесад миллион евроро ташкил медиҳад. Шоҳ ва низоми додгоҳӣ бепул ҳадя хоҳанд шуд.»

Сикс гуфтааст, ба ин восита ӯ хостааст, таваҷҷӯҳро ба мушкилоти феълии сиёсии кишвараш бикашад. Ҳадафи аслӣ - гуфтааст Сикс- нишон додани он аст, ки Белгия баҳо надорад ва бояд аз ҳар гуна ихтилофот сари мухториятҳои бештар ба манотиқи гуногуни он худдорӣ шавад.
XS
SM
MD
LG