Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъйини таърихи интихоби ҷойгузини И. Каримов


hs

Кумиссиюни марказии интихоботии Узбакистон таърихи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишварро таъин намуд.


Бино бар қарори ин ниҳод Узбакистон президенти нави худро рӯзи 23 декабри соли ҷорӣ интихоб хоҳад кард.


Расонаҳо хабар додаанд, оғози маъракаи пешбарии номзадҳо рӯзи 21 сентябр расман эълон хоҳад шуд.


Раисҷумҳури феълии ин кишвар Ислом Каримов 69 сол дорад ва аз соли 1991 ба ин ҷониб дар курсии аввали Кохи президент дар Тошканд мешинад. Ҳанӯз маълум нест, ки оё Каримов номзадии худро боз пешбарӣ хоҳад кард ва ё на.
XS
SM
MD
LG