Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дуроҳаи мушкили генерал ва президент


Покистон Эълони вакили ҳукумати Покистонро, ки президент Парвиз Мушарраф дар ҳоли бозинтихобаш ба мақоми раёсатҷумҳурӣ аз вазифаи низомии худ даст хоҳад кашид, мухолифони давлати Покистон як пирӯзии худ донистанд. Ин эълон дар толори Додгоҳи Олӣ, дар муҳокимае садо дод, ки бо даъвои сарони оппозисюни Покистон ҷараён дорад. Онҳо мегӯянд, як шахс наметавонад ҳамзамон ду курсии олии давлатро ишғол кунад.

Генерал Мушарраф дар соли 1999, дар ҳоле ки раиси ситоди нирӯҳои мусаллаҳи Покистон буд, бо истифода аз артиш, аммо бидуни хунрезӣ ҳукуматро ба даст гирифт ва аз он замон ҳам раҳбари Покистон ва ҳам раҳбари артиш аст. Маҳфилҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии Покистон ахиран ба Додгоҳи Олӣ даҳ ариза фиристоданд, ки ҳамчун шахси соҳиби ду мақоми олӣ, Мушарраф ҳаққи номзадӣ дар интихоботи президентиро надорад.

Вакили дифоъи ҳукумати Покистон Шарифиддин Пирзода дар ҳамин муҳокима рӯзи сешанбе гуфт, ба маҳз дигарбора президент интихоб шуданаш Мушарраф ҳанӯз пеш аз расми савганд, аз мақоми низомияш истеъфо хоҳад дод. Лаёқат Балуҷ, яке аз раҳбарони аҳзоби мухолиф гуфт, ин изҳорот далели рӯшан аст, ки Парвиз Мушарраф ғайриқонунӣ будани раёсаташро пазируфтааст. Ҷаноби Балуҷ афзуд, Мушарраф агар қонун мехоҳад, бояд пеш аз интихобот аз мақоми низомияш канор равад. Ва бояд ҳоло бигӯяд, ки агар интихоб нашавад, чӣ хоҳад кард?

Ба ақидаи коршиносон, бадар кардани либоси ҳарбӣ Мушаррафро осебпазир хоҳад кард, зеро вай пойгоҳи қудратмандашро аз даст хоҳад дод. Ин ҳам дар ҳоле ки наздик ба 60 дарсади интихобкунандагон ба боқӣ мондани ӯ дар мақоми президент розӣ нестанд. Вале аз сӯи дигар, ба навиштаи таҳлилгари Ройтерз, Комрон Ҳайдар, бо ин қадам Мушарраф метавонад, созиши тақсими қудрат бо сарвазири собиқ Беназир Бутторо беҳтар кафшер кунад. Гуфта мешавад, ин созиш ба ӯ имкон хоҳад дод, мухолифати афзояндаро шикаст ва ҳукуматашро идома диҳад.
XS
SM
MD
LG