Пайвандҳои дастрасӣ

Қабала зарур мешавад?


ба шарти он ки Вошингтон аз тарҳи бунёди сипари зиддимушакӣ дар Аврупо даст кашад. мавриди истифодаи муштарак бо Иёлоти Муттаҳида қарор гирад ки Русия онро ба шеваи иҷора дар ихтиёр дорад ва пешниҳод кардааст Сафари ҳарбиёни Амрико ба пойгоҳи родории Қабала

Русия аз ибтидо ба ин тарҳи Вошингтон мухолифати сахт нишон дода, нахуст иброз дошта буд, ки дар он сурат мушакҳои худро ба самти Аврупо дуруст хоҳад кард. Маскав изҳороти Вошингтонро, ки мушакҳои пешгирикунанда дар Лаҳистон ва пойгоҳи родорӣ дар Ҷумҳурии Чех ба муқобили кишварҳои саркаше чун Эрон ва Кореяи Шимолӣ нигаронида шудаанд, ғайривоқеъӣ номид, аммо дертар, пешниҳод кард, ба ҷои ин тарҳ Амрико аз родори Қабала истифода кунад.

Дастаи шашнафараи коршиносони амрикоӣ таҳти сарварии генерал Патрик О Риллӣ, ноиби мудири Бунгоҳи дифоъи зиддимушакии Амрико, бо роҳбаладии афсарони Русия бино ва таҷҳизоти пойгоҳро дида, дар бораи тавонмандӣ ва нақшаи кори феълии он иттилоъ гирифт. Ин аввалин бор аст, ки ҳарбиёни амрикоӣ ба пойгоҳи родорӣ, ки дар замони шӯравии собиқ сохта шудааст, қадам ниҳодаанд.

Генерад О Риллӣ дар бораи мақсади ин сафар чунин гуфт: "Мақсади сафари мо ба Қабала вориди он шудан ва донистани тавонмандиҳои он буд барои дарки комили пешниҳоди тарафи Русия. Мо барои чунин имконият сипосгузорем ва хушбин ҳастем, ки роҳҳои ҳамкорӣ дар дифоъи зиддимушакиро пайдо хоҳем кард."

Қабала яке аз бузургтарин родорҳои ҷаҳон буда, мавҷгирҳои он бурди баробар ба 6 000 километррро, аз Уқёнуси Ҳинд то Шимоли Африқо фаро мегирад. Бо вуҷуди ин мақомоти Иёлоти Муттаҳида дар бораи ҷойгузини сипари аврупоӣ шудани Қабала изҳори шубҳа карданд. Аммо сафари ҳайъатъи коршиносон нишон медиҳад, ки Вошингтон ин пешниҳодро комилан рад низ накардааст.

Дар ҳоле ки мақомоти Русия мегуфтанд, ҳайъати коршиносони амрикоӣ инчунин дар як гуфтушуниди сеҷониба бо тарафи Русия ва Озарбойҷон ширкат хоҳад кард, мақомоти Иёлоти Муттаҳида гуфтаанд, ин як ҳайъати сирф фаннист ва ҳеч гуна гуфтушунид баргузор нахоҳад гашт.
XS
SM
MD
LG