Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтушуниди Раҳмон бо сарвазири Қирғизистон


Имрӯз раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сарвазири Қирғизистон Алмазбек Атамбоев дар Бишкек роҳҳои беҳбуди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кард.



Дар ҳоле ки ҳарду тараф зиндатар кардани муносибатҳои байниҳамӣ ва коркарди масъалаҳои асосии ҳамкориҳои иқтисодииро вазифаи Кумисюни байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон номиданд, ба таври вижа аз зарурати густариши тиҷорати наздимарзӣ бо роҳи таъсиси бозорҳои умдафурӯшии наздимарзӣ ва муҷтамаъҳои бозорию хадамотӣ дар ноҳияҳои ҳаммарзи вилояти Бодканди Қирғизистон ва Суғди Тоҷикистон сухан гуфтанд. Онҳо ҳамчунин зарурати такмили шабакаҳои роҳи мошингард дар минтақаҳои ҳаммарзро муҳим шумурданд.
XS
SM
MD
LG