Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани як гаравгонгири кореягиҳо дар Афғонистон


Генерал Алишоҳ Аҳмадзай - раиси пулиси вилояти Ғазнии Афғонистон гуфт, бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои низомии амрикоӣ як фармондеҳи Толибон кушта шудааст, ки моҳи июл бо ибтикори ӯ 23 шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ рабуда шуда буданд.


Ба гуфтаи ӯ, Мулло Абдуллоҷон - фармондеҳи Толибон дар вулусволии Қарабоғи Ғазнӣ яке аз 12 нафаре буд, ки бар асари ҳамлаи шабонаи ҳавопаймоҳои низомии амрикоӣ кушта шуданд.


Ин хабарро на ҳайати фармондеҳии амрикоӣ, на низомиёни НАТО ва на ҳукуматии марказии Афғонистон ҳанӯз таъйид ва ё инкор накардаанд.


Қаблан, пулиси Кобул дар бораи кушта шудани дигар фармондеҳи Толибон Мулло Матин хабар дода буд, ки гуфта мешавад, ӯ ҳам дар гаравгонгирӣ даст дошта буд.
XS
SM
MD
LG