Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи фарди муттаҳам ба қатли Олимпур оғоз меёбад


[i

Қарор аст, Додгоҳи олии Тоҷикистон замони муҳокимаи парвандаи ҷиноии як тан аз муттаҳамин дар қатли хабарнигор Муҳиддин Олимпурро дар се рӯзи наздик таъин намояд. Бино бар қавли сухангӯи Додгоҳи олӣ, бар асоси тафтишоти анҷомдодаи додситонӣ дар курсии айбдорӣ як тан аз сокинони ноҳияи Ваҳдат, 20-километрии шарқи Душанбе нишастааст.


Манобеъи тафтишотӣ дар қатли журналист Муҳиддин Олимпур чаҳор узви дастаи Нозим Юнусов мулаққаб ба эшони Нозим, яке аз қумандонони неруҳои мухолифи давлати Тоҷикистон дар замони ҷанги шаҳрвандиро айбдор донистааст. Насрулло Давлатов ва Аҳтам Тоҳиров, ду узви ин даста соли 2003 бо иттиҳоми қатли Муҳиддин Олимпур ба мӯҳлати мутаносибан 15 ва 22 сол аз озодӣ маҳрум шуда буданд. Нафари саввум, ки дар қатли Муҳиддин Олимпур мазнун шинохта шуда ва дар ҳоли фирор ба сар мебурд, дар шаҳри Санкт- Петербурги Русия бо иттиҳоми ғоратгарӣ боздошт ва аз сӯи додгоҳи ин кишвар ба муддати тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудааст. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, ҳарчанд Аслам Усмонов аз қотилони дигари рӯзноманигори тоҷик замони анҷоми ин куштор ноболиғ буд, аммо бо иттиҳоми содир кардани ҷиноят вазнин - қатли инсон муҷозот хоҳад шуд.


Муҳиддин Олимпур аз соли 1990 то замони кушта шуданаш ба ҳайси мудири бахши радиои ВВС дар Тоҷикистон фаъолият мекард. Ӯ 12-уми декабри соли 1995 дар шаҳри Душанбе кушта шудаааст.
XS
SM
MD
LG