Пайвандҳои дастрасӣ

«Сангтуда-1»: вазъи сохтмон ҳамоно муташанниҷ аст


Вазъи таъмини нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» бо симон ҳамонозери суол боқӣ мемонад.


Чунонки мудири кулли нерӯгоҳи барқӣ Раҳматулло Алҷонов мегӯяд, захираи симон (семент) дар сохтмони мазкур имруз ҳамагӣ 1048 тонна боқӣ мондааст, дар ҳоле ки миқдори лозимаи он на камтар аз 4000 тонна мебошад. «Ҳамарӯза барои сохтмон тақрибан 600 - 700 тонна симон лозим аст, - гуфт ӯ. - Дар ҳоли ҳозир масъалаи асосӣ танҳо нарасидани симон аст».


Ин ҳам дар ҳолест, ки Раҳматулло Алҷонов бо як нома ба ҷукумати Тоҷикистон муроҷиат намудааст ва дар он аз ҷумла изҳори ташвиш кардааст, ки сохтмон НБО «Сангтӯда-1» бино бар аз тарафи корхонаи симони Душанбе кам гардидани расонидани маҳсулоти зарурӣ дар ҳоли қатъ шудан аст. Мудири кулли нерӯгоҳ ҳамчунин изҳор кард, ки корхонаи симонистеҳсолкунии Душанбе қимати маҳсулоти худро ҳамеша баланд мебардорад.


Вале раҳбарияти корхонаи симони шаҳри Душанбе ин иттиҳомоти Р. Алҷоновро такзиб намуда, иддаъоҳои раҳбарияти нерӯгоҳро беасос хондааст.
XS
SM
MD
LG