Пайвандҳои дастрасӣ

Жириновский Луговойро ба Дума бурдан мехоҳад


Ҳизби либерал-демократии Русия тасмим гирифт, тоҷир Андрей Луговойро ба рӯйхати ҳизбӣ дар интихобот ба Думаи Давлатӣ шомил кунад.


Раиси ҳизб Владимир Жириновский гуфтааст, ки дар ин феҳраст Андрей Луговой таҳти рақами 2, яъне баъд аз худи Жириновский ҷой хоҳад гирифт. Писари Жириновский Игор Лебедев дар ин феҳраст дар хатти саввум қарор хоҳад гирифт.


Мақомоти Британия Андрей Луговойро дар куштори собиқ корманди Хадамоти федеролии амнияти Русия Александр Литвиненко айбдор карда, истирдоди ӯ ба Лондонро талаб дорад. Ва аммо Маскав талаби Британияро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG