Пайвандҳои дастрасӣ

Фурӯши мева дар форуми Русия ва Тоҷикистон


17-уми сентябр дар Маскав форуми байнипорлумонии Русия ва Тоҷикистон ба кор оғоз мекунад. Ҳайъатҳои порлумонии ду кишвар масъалаҳои марбут ба муносибатҳои байни ду давлатро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Пеш аз парвоз ба Маскав, раҳбари ҳайъати Тоҷикистон, раиси Маҷлиси Миллии кишвар Муҳаммадсайид Убайдуллоев дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба хабарнигорон гуфт, Тоҷикистон пеш аз ҳама масъалаи вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро ба миён гузошта, пешниҳод хоҳад кард, ки биржаи шуғли байнидавлатӣ таъсис ёбад.


Ба муносибати форуми мазкур дар маркази намоишии Маскав ярмаркаи меваю сабзавоти Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт, ки аз он ҷо сокинони Маскав метавонанд, ба нархҳои арзон беҳтарин намунаҳои маҳсулоти зироаткорӣ ва боғдории Тоҷикистонро харидорӣ кунанд. Як тоҷири тоҷики муқими Маскав, Бобоҷон Аминов, ба радиои Озодӣ занг зада, гуфт, ин амали мақомоти Тоҷикистон анъанаҳои даврони шӯравиро ба хотир меорад ва хилофи манфиатҳои бозори дохилии Тоҷикистон буда, бо сабаби молиёти баланд ва нархҳои маҷбуран камшуда ба тоҷирони тоҷик хисороти молӣ ворид мекунад.
XS
SM
MD
LG