Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии зидди ҷанги Ироқ дар Вошингтон


Ҳазорон нафар дар Вошингтон аз Кохи Сафед то Капитолий, нишемани Конгресси Иёлоти Муттаҳида бо талаби хуруҷи нирӯҳои Амрико аз Ироқ раҳпаймоӣ карданд. Яке аз онҳо, Ҷейкоб Бергер ба ташкили як ҳаракати густардаи мардумии шабеҳ ба эътирозҳои солҳои шастуму ҳафтодум зидди ҷанги Ветнам даъват кард: "Мушкил бузург имрӯз дар бетафовутист. Аксарият ҳис мекунанд, ки чизеро дар ин ҷаҳон тағйир дода наметавонанд. Зеро фикр мекунанд, ин кори миёншикан ва номумкин аст. Мо барои он ин ҷо омадем, то исбот кунем, ки метавонем, корҳоро дигар кунем ва барои мо ҳамраъйие зарур аст, ки мардум дар гузашта дар мавриди ҷанги Ветнам дошт. Ва ҳамин буд, ки моро аз Ветнам ақиб овард. Ва ҳамин аст, ки талош мекунем аз Ироқ ҳам хориҷ шавем."

Тазоҳуркунандаи дигар, Майкл Дроҳан, иқрор мекунад, ки хуруҷи комили нирӯҳои Амрико аз Ироқ мушкилот ба бор хоҳад овард. Вале ӯ меафзояд, идомаи ҳузури ҳарбии Амрико низ ин мушкилро ҳал нахоҳад кард: "Оре, бо хуруҷи Амрико мушкилиҳое ба миён хоҳад афтод, аммо инҳо масъалҳое нестанд, ки Амрико ҳал карда тавонад. Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ниҳодҳои байнулмилалӣ бояд ба ироқиён дар барқарории сулҳ дар кишвари ҷангзада ва тахрибдида кӯмак кунанд ва ҳузури давомдори артиши Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ як амали бемақсадона аст."

Бархе аз эътирозгарон истеъфои президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Бушро талаб карданд. Полис гузориш медиҳад, ки наздик ба 190 нафарро дар наздикии бинои конгресс ба ҳасб гирифтааст. Ин боздоштҳо дар ҳоле сурат гирифтанд, ки тазоҳуркунандагон кӯшиданд, ба минтақаҳои манӯъ ворид шаванд. Барои пароканда кардани гурӯҳи эътирозгарон полис аз гази ашковар истифода кардааст.

Ҳамзамон ба ин намоиш як раҳпаймоии хурдатри тарафдорони сиёсти Буш дар Ироқ низ ҷараён гирифтааст.

Эътирозҳои рӯзи шанбеи Вошингтон замоне ба амал омаданд, ки ба думболи гузоришҳои фармондеҳи аршади нирӯҳои Амрико дар Ироқ, генерал Дейвид Петреус ва сафири Амрико дар Бағдод Райан Крокер баҳси ҳузури ҳарбии Амрико ба авҷи худ расидааст. Ҳарду гузоришгар изҳори хушбинӣ карданд, ки афзоиши нирӯҳо дар Ироқ шароити амниятиро беҳтар кардааст.

Дар паёми ҳафтаии радиоии худ, Буш гуфт, тавсияи Петерусро қабул кардааст, ки нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ то тобистони соли оянда, ба шарти беҳбуди вазъият то 30 ҳазор нафар коҳиш дода шаванд.

Буш гуфт, дар минтақаҳои Анбар ва Диёла ва ҳамчунин пойтахти Ироқ, Бағдод пешравиҳо ба мушоҳида расидаанд: "Дар Бағдод қатлҳои байнимазҳабӣ кам шуд ва зиндагӣ дар бисёре аз шаҳрҳо ба ҳолати оддӣ бармегардад. Гурӯҳҳои шиъаҳои тундрав ва ситезаҷӯёни мавриди пуштибонии Эрон торумор шуданд ва бисёре аз сарварони онҳо кушта ё боздошт шуданд. Ин пешрафтҳо ба шарофати ҳарбиёни мо, нирӯҳои ироқӣ ва ҳукумати Ироқ ба даст омаданд, ки тасмим гирифтааст, тундравонро мағлуб кунад."

Буш ҳамчунин бори дигар аз пайомадҳои хуруҷи зудҳангом ҳушдор дод ва гуфт, танҳо Ироқи озод метавонад, ба террористон ва Ал-Қоида ҷои по надиҳад ва ба "худхоҳиҳои вайронгарона"-и Эрон муқовимат кунад.
XS
SM
MD
LG