Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари Убайдуллоев ба Маскав


Имрӯз як ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии раиси Маҷлиси Миллӣ Муҳаммадсайид Убайдуллоев барои ширкат дар форуми байнипарлумонии "Русия-Тоҷикистон -- неруи ҳамкориҳои минтақаӣ" вориди Маскав мешавад. Ин форум рӯзи душанбе шурӯъ шуда, то рӯзи 20 сентябр идома хоҳад кард. Ба гуфтаи дафтари матбуоти Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, форумро Муҳаммадсайид Убайдуллоев ва раиси Шӯрои Федератсияи Русия Сергей Миронов ифтитоҳ мекунанд.




Дар чаҳорчӯби ин нишаст миёни шаҳрдориҳои Маскав ва Душанбе нақшаи ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ имзо хоҳад шуд. Дар форум кафили вазири кишоварзии Русия Алексей Гордеев, раиси Хадамоти федеролии муҳоҷират Константин Рамадановский, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон Ғуломҷон Бобозода, кафили вазири фарҳанги Русия Александр Соколов, мири Маскав Юрий Лужков ва дигарон дар масоили муҳими марбут ба равобити миёни ду кишвар суханронӣ хоҳанд кард. Баъдан форум кори худро дар вилояти Оренбурги Русия идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG