Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Орд шуда чу ҷони одам...


Нонвойхонае дар шаҳри Кӯлоб

Нонвойхонае дар шаҳри Кӯлоб

Воқиъан ҳам, болоравии нархи орд ва маҳсулоти нонӣ, ки дар пайи он тамомии анвоъи хӯрданӣ дар кишвар гаронқимат шудааст, имрӯз аз мавзӯъҳоест, ки мардум атрофи он баҳс мекунад. Ва дар ин мубоҳисот ба назар мерасад, ки мардум аз болоравии нархи орду маҳмулоти ордӣ сахт нороҳат аст ва таҳаввулотеро ҳам интизор.

Тақрибан ҳар шом овозаҳое паҳн мешаванд, ки дар Кӯлоб ё дар Восеъ мардум даст ба тазоҳурот задааст. Ин сару садоҳоро ҳамкорони мо аз Кӯлоб рад карданд ва афзуданд, ки дар Кӯлоб овозаҳои баракс ба гӯш мерасанд, ки гӯиё дар Душанбе гирдиҳамоӣ шудааст. Абдулмумини Шерхон, як хабарнигори маҳаллӣ, мегӯяд, ки косаи сабри мардум воқиъан ҳам лабрез шудааст.

Масъулини ҳукуматӣ дар баромаду гузоришоти худ дар ВАО-и кишвар болоравии нархҳоро ба болоравии қимати орду гандум дар бозори ҷаҳонӣ марбут медонанд. Аммо коршиносони соҳаи иқтисод бар ин ақида розӣ нестанд. Ба гуфтаи Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшиноси маъруф, имкон надорад, ки дар як рӯз ва ё як соат болоравии қимати орд дар биржаҳои ҷаҳонӣ ба бозори орд дар Тоҷикистон таъсире гузорад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, нархномаҳои биржаҳо ҳадди ақалл то як моҳ ба баъд то ба Осиёи Миёна мерасанд.

Ва аммо вазъ дар манотиқи ғаллакор чигуна аст? Шоҳидон қисса мекунанд, ки бозорҳои «Булён»-и Данғара ва «Қурбоншаҳид»-и ноҳияи Восеъ, бузургтарин нуқоти фурӯши ғалладонагии минтақаи Кӯлоб дар ҳоли ҳозир аз гандум тиҳианд.

Дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе вазъ боз ҳам печида мегардад. Ба гуфтаи Баҳриддин Валиев, сардори Раёсати савдои шаҳри Душанбе, бо иллати кам шудани воридоти орд ба бозорҳои пойтахт, нархи он феълан боло рафтааст.

Сабаби дигари болоравии бесобиқаи ордро коршиносон дар садгузории сунъӣ дидаанд. Бар тибқи талабот, имрӯз аз соҳибкорони инфиродӣ барои воридоти орду гандум муҷаввизи махсуси содиротии Қазоқистон талаб карда мешавад ва илова бар ин квота ё маҳдудияти воридотӣ барои соҳибкорон муқаррар шудааст, ки ин ҳама воридоти ғалладонаро ба Тоҷикистон маҳдуд мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилоъи Акрам Рӯзиев, сардори Раёсати хӯроквории Вазорати саноат ва энержии Тоҷикистон, баръакс, воридоти орду ғалла ба ҷумҳурӣ зиёд шудааст.

Бар тибқи омори расмии ин вазорат имсол дар нисбат ба соли 2006 ба кишвар 322 ҳазору 734 тонна ғалла ва 75 ҳазору 488 тонна орд бештар ворид шудааст.

Аз сӯи дигар, коршиносон ҳадс мезананд, ки болоравии нархҳои маҳсулоти ордӣ сунъист. Онҳо мисол меоранд, ки нархи як нон дар бозорҳои маҳаллӣ аз 50 дирам ба 1 сомонӣ расидааст, корхонаҳои истеҳсоли нон қимати як нони мавсум ба хлебро 1 сомониву 50 дирам кардаанд. Ва ин дар ҳолест, ки истеҳсолкунандаҳои хориҷӣ, нархро ҳамагӣ 10% боло бурдаанд. Барои мисол корхонаи «Макколи»-и Русия то ҳанҳз ҳам аз захоири худ истифода мебарад ва нархи маҳсулотро ҳамагӣ 10 дирам қимат кардааст.

Ҷумъахон Сафаров, корманди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар кишвар то ҳанӯз мавсими дарав анҷом наёфтааст ва шояд пас аз ворид шудани ғаллаи маҳаллӣ нархҳо дар бозорҳои дохилӣ поин раванд. Вале - бо ин ҳама - воридкунандагони гандуму орд танҳо ба ҳосили нави ғаллазорони Қазоқистон умед мебанданд.

Гандуму орд дар Тоҷикистон аз ғизои аслии мардум маҳсуб меравад. Бар тибқи омори расмӣ, ҳар сокини кишвар дар як моҳ то 15 кило орд истеъмол мекунад. Ва агар ин рақамро ба 7 млн. - яъне аҳолии кишвар - зарб занем, чунин бармеояд, ки Тоҷикистон дар як моҳ ба 105 млн кг орду ниёз дорад.

Омори расмӣ меафзояд, ҳосили ғалла имсол ҳудудан 850 000 тонна аст. Вале аҳолии кишвар ба 1,5 миллион тонна ғалла ниёз дорад. Дар ҳамин ҳол барои бо нон таъмин кардани аҳолиаш Тоҷикистонро ҳамасола лозим аст, ки беш аз 700 000 тонна гандум ва 300 000 тонна орд харидорӣ кунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба қавли коршиносон, то ҳанӯз муайян нашудааст, ки захоири ғаллаву орд дар анборҳои давлатӣ чи миқдор аст.

Ва оё ҳаст ҳам?
XS
SM
MD
LG