Пайвандҳои дастрасӣ

Беамалии ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи нархи орд


- шояд ба он сабаб, ки гумон аст, ин бӯҳрон бо танзими нарх ҳал шавад

Нархи орд масъалаест, ки ба зиндагии ҳар яке аз сокинони кишвар дахл дорад ва тақрибан ду моҳи охир ҳамаро ба ташвиш овардааст. Қимати орду гандум ва нон, ки аз ғизои асосии мардум ба шумор меравад, сар аз моҳи июл тадриҷан то 30% боло рафта, ба 135 сомонӣ барои як халтаи панҷоҳкилоӣ расидааст.

Ин ҳам дар ҳоле ки музди кору нафақа ва даромади мардум хеле поин аст ва чунин афзоиш зарбае ба буҷаи хонаводаҳост.

Як мақоми аршади ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ҳукумат ба зудӣ даст ба танзими нархи орд дар бозори дохилӣ хоҳад зад. Ноиби аввали вазири рушди иқтисодиёт ва тиҷорати Тоҷикистон, Амонулло Ашӯр эълон кард, ки сар аз 14-уми сентябр ҳукумат ба танзими нархи орду гандум оғоз мекунад, то ки ин нархро поин орад. Ҷаноби Ашӯр гуфт, нархҳо дар ҳамаи бозорҳо тафтиш мешаванд ва дар ҳоле ки ин қиматҳо ба таври монополӣ баланд бошанд, намояндагони ҳукумат бар зидди чунин иқдом чораҳои қатъӣ мебинанд, ҳатто метавонанд, аз фурӯшандагон ҷарима ситонанд, моли мавриди тиҷоратро мусодира кунанд, ҳатто маблағи савдошударо низ мусодира кунанд.

Аммо ин манбаъ ҳадди муайянеро эълон нашудааст ва ин аст, ки маълум нест, намояндагони ҳукумат баландии нархро бо кадом меъёр муайян мекунанд. Вале дар ёд дорем, ки кумисюни махсус ҳадди аксари қимати гӯштро таъин карда буд ва шояд кумисюни назорат ба нархи орд низ як чунин қадаме бигузорад. Аммо ҷаноби Ашӯр, ноиби аввали вазири рушди иқтисодиёт ва тиҷорати Тоҷикистон, як нуктаи дигарро тазаккур дод, ки мумкин аст, ҳукумат андози арзиши иловагиро аз гандуми воридотӣ лағв кунад, ки дар ҳолат, албатта, коҳиши қиматҳо имконпазир хоҳад шуд.

Бархе аз шаҳрвандон ба умеди инанд, ки баррасии воридоти гандум аз Қазоқистон дар мулоқоти ҳайъатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон метавонад вазъи масъаларо тағйир диҳад, аммо ҷаноби Ашӯр гуфт, ҳукумати Қазоқистон тартиби иттихози иҷозатнома ё литсензияи судури гандумро ҷорӣ кардааст, ки ба таври автоматик нархро боло бурдааст. Зимнан, агар чунин як тавофуқе миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ин бора ҳосил мешуд, ҳатман он таъсири мусбате мегузошт ва ҳатман эълон ҳам мешуд, вале дар ин бобат ба ғайр аз ҳамин нукта эълоне садо надод. Пас ба назар мерасад, созише бо тарафи Қазоқистон ба даст наомадааст.

Дар чунин вазъият эълони ҳукумат, ки гӯё мехоҳад, бо танзими нарх ба мардум сабукӣ орад, танҳо ҳамчун як эълон боқӣ мемонад ва то ҳанӯз иқдоми муайян ва ҷиддие тарҳрезӣ нашудааст.
XS
SM
MD
LG