Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистон ҷинояткор аст?


NK

Як кумисюни муштараки порламонии Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки президенти кишвар Қурмонбек Боқиев ба додгоҳ кашида шавад.


Ба гуфтаи кумисюн, Қ. Боқиев ҳанӯз 5 сол пеш дастур дода буд, ки ба ширкаткунандагони раҳпаймоии эътирозӣ оташ кушода шавад, ва баъди он 6 нафар ба ҳалокат расид.


Давронбек Содирбоев, раиси ин кумисюн, ба радиои «Озодӣ» гуфт: «Дар ин навори видию метавон дид, ки Қурмонбек Боқиев, нахуствазири собиқ, соли 2002 довталабона истеъфо надодааст. Вайро президенти вақт Оқоев ба ин водор кардааст. Шумо мегӯед, ки бо ин ҳодиса иртибот надоред. Вале дар поёни фармони амалиёти "Тайфун" ва "Буран" имзои шумо истодааст. Инҳо ҳама санаданд».

Оқои Содирбоев ҳамчунин гуфт, ки бояд масъунияти Аскар Оқоев, Қурмонбек Боқиев ва Қурмонбек раиси додгоҳи Олии имрӯзи кишвар Усмонов лағв шавад ва онҳо барои ин куштор ба масъулият кашида шаванд.
XS
SM
MD
LG