Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Буш: нерӯҳо тадриҷан фаро хонда мешаванд


NK

Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури Амрико, эълон кард, ки нерӯҳои кишвараш аз Ироқ тадриҷан фаро хонда мешаванд. Вай дар паёми телевизюнии худ гуфт, ки то охири соли ҷорӣ 5 700 нафар низомиёни Амрико аз Ироқ ба Ватан бармегарданд ва хурӯҷи нерӯҳо то моҳи июни соли 2008 давом мекунад.


Буш гуфт, ӯ пешниҳоди фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Ироқ генерал Дэвид Петреусро дар бораи коҳиши шумораи нерӯҳои низомӣ дар ин кишвар аз 20 бригада то 15 бригада пазируфтааст.


Гуфта мешавад, ин кор бояд то моҳи июли соли 2008 анҷом гирад. Вай гуфт, хурӯҷи нерӯҳои Амрико ба муваффақияти артиши Ироқ иртибот дорад.


Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба гуфтаи Буш, ҳузури артиши амрикоӣ дар Ироқ то поёни муҳлати раёсати ҷумҳурии вай давом хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG