Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зубков президентияшро низ баъид намедонад


ҳф

Виктор Зубков - номзад ба маснади сарвазири Русия имкони ширкаташ дар интихоботи президентии соли 2008 -ро баъид намедонад.


Ба дунболи мулоқот бо раҳбарони фраксияҳои Думаи давлатӣ Виктор Зубков ба хабарнигорон гуфт, ки дар сурати комёб шуданаш дар мақоми сарвазирӣ барои дарёфти курсии раисҷумҳур талош хоҳад кард.


Интизор меравад, ки фардо номзадии Зубков дар палатаи поёнии парлумони Русия баррасӣ шавад. Дар мулоқот бо ӯ фраксияҳои ҳизбҳои "Единая Россия", "Справделивая Россия" ва Либерал-Демократӣ эълом доштанд, ки аз номзадии Виктор Зубков пуштибонӣ мекунанд.


Фақат ҳизби коммунисти Русия изҳор намуд, ки хилофи номзадии сарвазири нав райъ хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG