Пайвандҳои дастрасӣ

Буш дар бораи Ироқ сухан мекунад


hs

Субҳи имрӯз, 14 сентябр, ба вақти Душанбе Ҷорҷ Буш - раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар робита ба стратегияи кишвар дар қиболи Ироқ суханронӣ мекунад.


Авоили ин ҳафта фармондеҳи неруҳои амрикоӣ дар Ироқ генерал Дэвид Петреус ба Конгресси Иёлоти Муттаҳида гузориш дод ва ишора кард, ки то тобистони соли 2008 метавон тақрибан 30 ҳазор низомии амрикоиро аз Ироқ берун кашид. Интизор меравад, ки зимни суханронӣ Ҷорҷ Буш аз ин тарҳ пуштибонӣ кунад.


Қаблан, Муваффақ ал-Рубоӣ - мушовири амнияти миллии Ироқ гуфта буд, ки дар сурати омӯзиши низомиёни ироқӣ теъдоди неруҳои хориҷӣ дар кишвар то охири соли оянда аз 100 ҳазор нафар поинтар хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG