Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷанги ҳавоӣ барои фурудгоҳи Айнӣ?


Нашрияи русии «Независимая газета» бо истинод ба намояндаи воломақоми Вазорати дифоъи Русия Анатолий Гребенюк навиштааст, ҳоли ҳозир марҳалаи ниҳоии умури сохтмонӣ дар фурудгоҳи низомии Айнӣ, 20-километрии ғарби Душанбе, шурӯъ шудаанд ва дар назар аст, ки ин фурудгоҳ дар соли 2008 мавриди истифода қарор бигирад.

Генерал инчунин гуфтааст, мақомоти Тоҷикистон дар фурудгоҳи Айнӣ, ки аслан бо пули Русия тармиму таҷдид мешавад, мехоҳанд ҳавопаймоҳои ҷангии нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Фаронсаро ҷой бидиҳанд. Оқои Гребенюк дар мусоҳибаи худ бо «Независимая газета» ишора кардааст, ки дар сурати мустақар шудани ҷангандаҳои «Мираж»-и Фаронса дар фурудгоҳи Айнӣ, барои бори нахуст дар Осиёи Марказӣ ҳавопаймоҳои NATO ва нерӯҳои Русия дар як мавзеъ қарор хоҳанд гирифт.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи пойгоҳи низомии дар Тоҷикистон мустақари 201-уми Русия Павел Конев мегӯяд, ҷосозии ҳавопаймоҳои рус ва қисмҳои эҳтиётии онҳо дар фурудгоҳи низомии Айнӣ бар асоси қарордоди миёни Русияву Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт: «Дар ин қарордод гуфта мешавад, ки таҷҳизоти фаннӣ ва ҳавопаймоҳои пойгоҳи низомии мо дар оянда дар фурудгоҳи низомии Айнӣ мустақар хоҳанд шуд, на дар фурудгоҳи ғайринизомии Душанбе. Аммо фурудгоҳи Айнӣ моликияти хусусии давлати Тоҷикистон аст ва дар мавриди ин, ки ҷангандаҳои «Мираж»-и Фаронса ба ин фурудгоҳ интиқол дода мешаванд, иттилоъе рӯи даст надорам».

Ва аммо Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон, бо такзиби ин ҳама хабарҳо, ки расонаҳои Русия интишор кардаанд, мегӯяд, танҳо ҳукумат ва вазорати дифоъи Тоҷикистон ҳақ доранд, наҳваи истифода аз фурудгоҳи низомии Айниро муайян бикунанд ва то имрӯз ҳеҷ гуфтушунид бо мақомоти низомии Русияву Ҳинд ва Фаронса сари ҷосозии ҷангандаҳои ин ду кишвар анҷом наёфтааст: «Умуман, дар айни ҳол таъмиру азнавсозии фурудгоҳи Айнӣ аз сӯи мутахассисони Ҳиндустон идома дорад ва ин хабар, ки онро Русия бозсозӣ карда истодааст, асоси воқеӣ надорад. Ҳамзамон низомиён ва ҷангандаҳои Фаронса дар Тоҷикистон муваққатан мустақар шудаанд, онҳо ба хотири муборизаи муштараки зиддитеррористӣ дар фурудгоҳи Душанбе ҳастанд ва бо анҷом ёфтани муҳлати будубошашон, онҳо аз кишвари мо берун мераванд ва сару садоҳо, ки дар оянда ҷангандаҳои Фаронса дар фурудгоҳи Айнӣ ҷой дода мешаванд, низ буҳтон аст». Ва аммо оқои Маҳмадалиев ҳозир нашуд, бигӯяд, ки ин фурудгоҳ кай мавриди истифода қарор хоҳад гирифт ва он бар ивази чи миқдор маблағ тармиму таҷдид мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан хабаргузории русии «Интерфакс» гузориш дода буд, Русия соли 2008-ум 4 ҳавопаймо ва 12 чархболи низомиро дар фурудгоҳи Айнӣ мустақар хоҳад кард.

Ҳамзамон нашрияҳои Ҳиндустон чанд бор аз таъсиси пойгоҳи ҳарбии Ҳинд дар фурудгоҳи низомии Айнии Тоҷикистон хабар додаанд.

Дар ҷамин ҳол манобеъи наздик ба вазорати дифоъ мегӯянд, феълан дар фурудгоҳи Душанбе 5 адад ҳавопаймои низомии нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва чанд адад тайёраи ҷанганда бо 250 афсари низомии Фаронса мустақар ҳастанд.
XS
SM
MD
LG