Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Негропонте ба Покистон


Ҷон Негропонте, муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида, имрӯз дар Исломобод бо мақомоти Покистон музокирот анҷом дод.


Дар ин нишаст мубориза бо терроризм баррасӣ шудааст. Қаблан Ҷон Негропонте аз Афғонистон дидан карда буд. Дар як нишасти хабарӣ дар Кобул ӯ аз ҷумла гуфт: «Мо аз иттилоъи расида аз манбаъҳои қобили эътимод нигаронем, ки тибқи онҳо аз Эрон ба Афғонистон баъзе намудҳои майн ва дигар таҷҳизоти низомӣ ворид мешавад ва онҳо ба дасти толибон мерасанд. Такрор мекунам, ин мояи нигаронии мо шудааст».
XS
SM
MD
LG