Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Ҷопон ба истеъфо меравад


Шинзо Абэ, сарвазири Ҷопон, имрӯз дар як нишасти хабарӣ дар Токио эълон кард, ки ба истеъфо меравад.


Ва аммо ӯ аз мушаххас кардани рӯзи истеъфояш худдорӣ намуд. Шинзо Абэ ҳамзамон изҳори умедворӣ кард, ки раиси нави кобинаи вазирон ширкат дар мубориза бо терроризмро идома хоҳад дод.


Абэ тақрибан як сол пеш сарвазири ин кишвар интихоб шуда буд. Замони раҳбарияти Шинзо Абэ дар Ҷопон чанд моҷарои молӣ сурат гирифт ва Ҳизби ҳукмрони либерал-демократӣ дар интихобот ба палатаи болоии парламент шикаст хурд.
XS
SM
MD
LG