Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон


Рӯзи панҷшанбеи 13-уми сентябр рӯзи аслии боздиди раиси ҷумҳури Қазоқистон аз Тоҷикистон хоҳад буд. Дар ин рӯз мулоқоти як ба яки руъасои ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев, инчунин нишасти ҳайъатҳои расмии Тоҷикистону Қазоқистон ва имзои силсилаи созишномаҳои байниҳукуматӣ дар назар аст.

Интизор меравад, дар ҷараёни боздиди оқои Назарбоев аз Душанбе, қарордод оид ба таъсиси бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон бо сармояи аслии 100 миллион доллари амрикоӣ ба тасвиб расад.

Ба ҷуз ин, қарор аст дар аснои ҳамоиши тиҷории доираҳои соҳибкории ин кишварҳо дар Душанбе тавофуқнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳоти сармоягузориву тиҷорат имзо шавад.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, табодули молу коло миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар 7 моҳи аввали соли ҷорӣ аз марзи 200 миллион доллари амрикоӣ гузашт ва ҳаҷми воридот аз Қазоқистон назар ба содироти он беш аз 10 баробар афзун будааст. Ғафурҷон Расулӣ, сухангӯи вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд: «Мо ба ҷумҳурии Қазоқистон бештар нахи пахта ва инчунин меваю сабзиҷот содир мекунем ва аз он кишвар асосан маводи сӯхт, гандум, орд ва дигар маводи рӯзгор ворид мекунем. Байни ин ду кишвар равобит хеле густариш пайдо кардаанд, бахусус дар пешорӯи сафари раиси ҷумҳури Қазоқистон ба Тоҷикистон, чандин филиали бонкҳои Қазоқистон дар Тоҷикистон боз шуда ва фаъолият мекунанд, инчунин сармоягузорони қазоқ изҳор доштанд, ки дар соҳоти мухталиф, бахусус дар соҳаи тавлидоти маҳсулоти саноӣ, бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, ҷустуҷӯи нафту газ, кишоварзӣ ва дар дигар бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд».

Воқеан, чунин ба назар мерасад, ки Қазоқистон таййи солҳои ахир даъвои лидерӣ дар Осиёи Марказӣ мекунад. Ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди ин кишвар соле беш аз 40 миллиард доллари амрикоӣ арзёбӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи коршиносон, Қазоқистон дорои захоири бойи нафту гоз ва ғалладона мебошад, ки дар миқёси ҷаҳон ашёи стротежӣ маҳсуб мешаванд. Коршинос Сафо Сафаров бар ин назар аст, ки муносиботи Тоҷикистону Қазоқистон феълан чун равобити Душанбеву Тошканд танишовар нест, ва ин ду кишвар омодаи сармоягузориҳои ҳаҷман калон ба иқтисоди ҳамдигар будаанд. Сафо Сафаров: «Бо назардошти ҷонибҳо, бояд шароити беҳтару бештаре барои воридоти маҳсулоти гандумӣ ва нафту гази Қазоқистон ба Тоҷикистон муҳайё карда шавад, ки ин метавонад барои амнияти ғизоии Тоҷикистон муфид бошад ва ниёзи кишварамонро ба сӯзишвории Узбакистон кам кунад. Мавзӯъи дигари муносиботи Тоҷикистону Қазоқистон беҳсозии вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Қазоқистон аст, ки аз ҷиҳати шумор баъд аз Русия қарор дорад. Пӯшида нест, ки айни замон Қазоқистон кӯшиш дорад, ки дар Осиёи Марказӣ ҳамгироии бештари иқтисодиву сиёсиро замина гузорад ва, ба ин васила, нуфузи худро дар минтақа боло барад. Фикр мекунам, сиёсати мустақилонаи хориҷии Тоҷикистону Қазоқистон имкон медиҳад, ки бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб ва бидуни таъсирпазирӣ аз кишварҳои севум (Русия, Чин, ИМА ва Узбакистон) ҳамкориҳои гуногунҷабҳа ба роҳ монанд».

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон мегӯяд, Қазоқистон ба ҳадде аз лиҳози молӣ қудратманд аст, ки метавонад дар бунёди ҳар иншооти дилхоҳ дар Тоҷикистон ширкат варзад.

Муҳаммадшариф Нозимов, муовини аввали раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон ҳам мехоҳад баъзе соҳоти иқтисоди Қазоқистонро сармоягузорӣ кунад, аммо ӯ иқрор кард, ки кишвараш бештар аз Қазоқистон чашми интизор дорад: «Бисёр сармоягузорони Қазоқистон мегӯянд, омодаанд соҳаҳои марбут ба тавлиди нерӯи барқ, канданиҳои фоиданок ва иншооте, ки сохтмонашон дар кишварамон дар назар аст - мисли нерӯгоҳҳои барқи обӣ, корхонаҳои нави саноатӣ, корхонаи нави алюминиум ва ғайра - сармоя гузоранд».

Дар ҳамин ҳол Ҳуриннисо Ғаффорзода, таҳлилгари дигари масоили сиёсӣ, мегӯяд, бо ин вуҷуд, ки зоҳиран миёни Тоҷикистону Қазоқистон феълан ягон масъалаи ҷиддии танишзо вуҷуд надорад, аммо, ба гумони ғолиб, сари масъалаи тақсими оби рӯдҳои фаромарзӣ ин ду кишвар назари яксон надоранд. Ба назари хонум Ғаффорзода, дар умури сиёсату давлатдорӣ Тоҷикистонро мебояд аз Қазоқистон ибрат бигирад: «Оқои Назарбоев дар умури давлатдорӣ аз фишангҳое кор гирифт, ки барои рушди кишвараш мусоидат намуд. Ва шояд ин таҷрибаҳо барои раҳбарияти кишвари мо низ таъсири мусбат расонанд».

Ва аммо ҳоло маълум нест, ки оё зимни боздиди худ аз Тоҷикистон Нурсултон Назарбоев сари масоили ширкати Қазоқистон дар тарҳи бунёди иншоотҳои азиме чун нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва корхонаи нави алюминиум суҳбат мекунад ё не. Танҳо маълум аст, ки дар ҷараёни ин сафар созишномае дар мавриди бунёди нерӯгоҳи барқи обӣ дар рӯди Хингоби ноҳияи Нуробод ба имзо хоҳад расид. Ин ҳам дар ҳолест, ки Қазоқистон омода аст барои бунёди ин нерӯгоҳ 60 миллион доллари амрикоӣ ихтисос бидиҳад.
XS
SM
MD
LG