Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қурбониҳои нави минаҳои зидди нафар


мр

Бино бар иттилоъи Маркази оид ба масоили минаҳои Тоҷикистон, субҳи 10-уми сентябри соли 2007 ду сокини ноҳияи Тавилдара бар асари таркиши мина ба ҳалокат расиданд.

Гуфта мешавад, бародарон Хуршед Сангакови 28-сола ва Нуралӣ Сангакови 23-сола аз деҳаи Арғанкули ҷамоати Сангвори ноҳияи Тавилдара ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар баландии 2000-метрии кӯҳи Арғанкул ба минаи зидди нафар бархӯрда, баъди бардоштани ҷароҳатҳои вазнин бар асари таркиши он дар ҷои ҳодиса ҳалок гардиданд.


Чунонки дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Тавилдара хабар доданд, ҳалокати ин ду бародар аз таркиши минаи тиккадоре, ки тахминан дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 1993 - 1996 гузошта шуда буд, ба вуқӯъ пайвастааст,


Ин ҳам дар ҳолест, ки, бино бар иттилоъи як манбаъ дар Маркази оид ба масоили минаҳои кишвар, соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ аз таркиши минаҳо 9 нафар ҷабрдида ба қайд гирифта шуд, ки аз ин теъдод 6 кас вафот кардаанд.
XS
SM
MD
LG