Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тезис" дар Тоҷикистон нафт меҷӯяд


Ширкати байнулмилалии нафти "Тезис Петролиум" эълон кард, ки амалиёти ҷустуҷӯи нафт ва газро дар ҷануби Тоҷикистон шурӯъ намудааст. Он дар ду моҳи оянда конҳои мавҷудаи нафт ва газро тармим ва фаъолияти онҳоро ба роҳ мемоанд ва ваъда додааст, ки истихроҷи нафт ва газро дар ин ҷо афзоиш хоҳад дод. Тибқи қарордоде, ки "Тезис Петролиум" бо Корхонаи давлатии истихроҷи нафт ва газ дар ҷануби Тоҷикистон ба имзо расондааст, маҳсулоти изофае, ки дар натиҷаи сармоягузории "Тезис Петролиум" ба даст меояд, миёни ин ширкат ва Тоҷикистон тақсим хоҳад шуд. Ҳамчунин аҳолии минтақа бо гази бештар таъмин хоҳад гашт. Вале на ширкати байнулмилалӣ ва на тарафи Тоҷикистон ҳаҷми сармоягузориҳои навро ба саноати нафту гази ҷануби Тоҷикистон ифшо накардаанд.




Раиси ширкати "Тезис Петролиум" Дейвид Робсон мегӯяд, ҳанӯз пеш аз имзои созишномаи марбута ба Қӯрғонтеппа сафар карда, бо мақомоти маҳалли давлат дар ин ҷо гуфтушунид доштааст. Баъдан гуфтушунид дар Вазорати инержӣ ва саноат идома ёфтааст. Робсон аз пуштибонии ҳукумати Тоҷикистон дар роҳандозии барномаи нав истиқбол кард.



"Тезис Петролиум" як ширкати бузурги байнулмилалист, ки дар Торонтои Канада марказ дорад ва саҳҳомони он асосан аз Амрикои Шимолӣ ва Аврупо буда, он ҳамчунин дар Қазоқистон бо истихроҷи нафт машғул аст.
XS
SM
MD
LG