Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон: тоҷикон бойтар мешаванд


Амалисозии Стротежии миллии рушд ва Стротежии коҳиши қашшоқӣ дар Тоҷикистон, бидуни шакк, имкон медиҳад, ки сатҳи зиндагии мардумро баланд намуд, эълом дошт Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 16-умин солгарди истиқлолияти давлатии кишвар.


Бино ба гуфтаи ӯ, ҳар арзише, аз ҷумла арзишҳои демократӣ, бо риояти ҳуқуқи инсон ва ташкили шароити арзандаи кору зиндагӣ, мустаҳкам карда мешаванд. «Иҷрои ин вазифаҳо аз рушди қавии иқтисоди кишвар вобаста аст», - эълом дошт президент.


Бо ёдраснамоии онки назар ба соли 1997 ҳаҷми маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар ду баробар зиёд ва дар 8 моҳи аввали соли равон инкишофи он 8% таъмин шудааст, сардори давлат ҳамчунин таъкид намуд, ки ба ҳадафи рушди иқтисоди кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои гидроэнержӣ ва иртибот (коммуникатсия), иҷро мешаванд.


Эмомалӣ Раҳмон ёдрас намуд, ки ин сана бо санаҳои дигари муҳим - 800-солагии шоиру мутафаккири бузурги тоҷик Ҷалолиддини Балхӣ ва 10-умин солгарди имзои созишномаи умумии сулҳ дар Тоҷикистон - рост омад.
XS
SM
MD
LG