Пайвандҳои дастрасӣ

Голи Фатҳуллоев - муддаъии беҳтарин голи Ҷоми ҷаҳонӣ


Мухлисони футболи тоҷик имкон доранд, ин гол ва нӯҳ голи дигарро аз сайти fifa.com тамошо карда, барои голи беҳтарин раъй бидиҳанд.

"Регар" ТадАЗ ҳамоно пешсаф аст

Cе бозии охирини даври сездаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.CSKA «Помир»-и Душанбе дар майдони худ аз тими «ХИМА»-и Душанбе бо натиҷаи 4 бар 5 шикаст хӯрд. «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бар дастаи меҳмон - «Динамо»-и Душанбе бо натиҷаи 5 бар 2 ғалаба кард. «Хуҷанд»-и Хуҷанд низ дар майдони худ «Гвардия»-и Душанберо бо натиҷаи 3 бар 1 шикаст дод.

Пас аз 12 бозӣ «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 36 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Парвоз» бо 30 имтиёз дар зинаи дуввум мебошад. «ХИМА»-и Душанбе бо 23 имтиёз дар зинаи севвум ҷойгир шудааст. Ду дастаи шаҳри Қӯрғонтеппа - «Тоҷиктелеком» ва «Вахш», ки 20-имтиёзӣ ба даст овардаанд, бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мувофиқан зинаҳои чаҳоруму панҷумро касб кардаанд.

Пеш аз даври чаҳордаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии кишвар, ки рӯзҳои 17-уму 18-уми сентябр баргузор мешавад, бозиҳои аввали ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон барпо мегарданд. Нахуст рӯзи чоршанбеи 12-уми сентябр «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ бо «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода рақобат мекунад. Бозии дигар рӯзи панҷшанбеи 13-уми сентябр миёни ду дастаи шаҳри Душанбе - «ХИМА» ва «Динамо» сурат мегирад.


Сафари гуштигирони тоҷик ба Бразил

Дастаи мунтахаби гуштии дзюдои Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки аз 13-ум то 16-уми сентябр дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразил доир мегардад, ширкат хоҳад кард.

Сармураббии ин даста Носир Бозоров пеш аз сафари гуштигирони тоҷик ба Бразил ба радиои Озодӣ гуфт: «Ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар ҳафт гуштигири маъруфи тоҷик дохиланд. Инҳо Олимҷон Зикаев (дар вазни 60 кг), Рустам Боқиев (66 кг), Расул Боқиев (73 кг), Шералӣ Бозоров (81 кг), Неъматулло Асронқулов (90 кг), Алишер Боқиев (100 кг) ва Аминҷон Хонов (беш аз 100 кг) мебошанд. Мо барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои Олимпии соли 2008 дар Пекин талош хоҳем кард.»


Оғози мусобиқаи шашкабозони ҷумҳурӣ

Рӯзи 11-уми сентябр дар шаҳри Душанбе мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба шашка ё бозии дом байни мардону занон шурӯъ шуд.

Ин мусобиқот бо ширкати беҳтарин шашкабозон аз манотиқи мухталифи кишвар то рӯзи 16-уми сентябр идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG