Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солрӯзи ҳамлаҳои террористии соли 2001


Рӯзи сешанбе шашумин солгарди ҳамлаҳои террористии 11- уми сентябр ба Иёлоти Муттаҳида қайд мешавад. Ёздаҳуми сентябри соли 2001 ҳамлаварони худкуш, ки ба шабакаи террористии Ал-Қоъида нисбат дода мешаванд, чаҳор ҳавопаймои мусофирбарро рабуданд.


Ду ҳавопайморо онҳо ба биноҳои осмонбӯси Маркази ҷаҳонии тиҷорат заданд ва яки дигар ба бинои Пентагон (Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида) дар каронаи Вошингтон бархӯрд. Ҳавопаймои чорум дар яке аз даштҳои Пенсилваниё сарнагун шуд ва чунин бовар вуҷуд дорад, ки дар ҳавопаймо миёни рабояндагон ва мусофирон задухӯрд ба амал омадааст. Дар акси ҳол ин ҳавопаймо мебоист ба Кохи сафед ё бинои порлумон бармехӯрд. Бар асари ҳамлаҳои ёздаҳуми сентябри соли 2001 наздик ба 3 ҳазор нафар аз 80 кишвар ба ҳалокат расиданд. Ин рӯйдодҳо вазъи дунёро ба куллӣ дигаргун карданд ва ба ҷанги ҷаҳонии зидди ваҳшатафканӣ оҳоз ниҳоданд.
XS
SM
MD
LG