Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози баҳси Ироқ дар Конгресси Амрико


Фармондеҳи аршади Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ ва сафири Амрико дар Бағдод қарор аст, имрӯз, соати нуҳуним ба вақти Душанбе, гузоришҳои худро ба Конгресси Иёлоти Муттаҳида роҷеъ ба вазъи Ироқ шурӯъ кунанд. Тибқи хабарҳо, генерал Дейвид Петреус ва сафир Райан Крокер сиёсати президент Бушро дар афзоиши нирӯҳои амрикоӣ дар Ироқ пуштибонӣ ва ҳама гуна хуруҷи ҷиддии ин нирӯҳоро дар ҳоли ҳозир рад хоҳанд кард. Аммо сенатори Иёлоти Муттаҳида Ҳиллари Клинтон мегӯяд, Амрико бояд ҳарчи зудтар хуруҷи нирӯҳо аз Ироқро оғоз кунад. Вай дар баҳси номзадҳои мақоми раёсатҷумҳурии Амрико аз Ҳизби демократ гуфт, ҳалли ҳарбии қазияи Ироқ номумкин аст ва Иёлоти Муттаҳида бояд ба гуфтаи ӯ "баҳона"-и эҳтимоли ҷанги шаҳрвандӣ дар Ироқро канор гузорад.


Дар ҳамин ҳол, сарвазири Ироқ, Нурӣ Ал-Моликӣ, имрӯз дар порлумони кишвараш гуфт, фурсати зиёде даркор аст, то нирӯҳои амниятии Ироқ масъулиятро аз дӯши қувваҳои эътилофӣ бар дӯши худ бигиранд, аммо ба ҳукумати ӯ муяссар шудааст, кишварро аз ҷанги шаҳрвандӣ наҷот бидиҳад: "Ҳарчанд вазъи амниятӣ ба таври назаррас беҳтар шуд, мо хуб медонем, ки ҳанӯз талош ва фурсати зиёде зарур аст, то нирӯҳои мо битавонанд, ба қабули масъулият аз нирӯҳои сермиллат дар ҳамаи музофоти Ироқ омода шаванд."


Моликӣ афзуд, сатҳи хушунат дар Бағдод ва вилояти Анбар пас аз афзоиши нирӯҳои амрикоӣ дар аввали сол 75 дарсад коҳиш ёфт.
XS
SM
MD
LG