Пайвандҳои дастрасӣ

Вуруди чархболи Тоҷикистон ба фазои Қирғизистон


Хабаргузории русии Интерфакс иттилоъ дод, ки як чархболи ҳарбии Тоҷикистон ба ҳарими ҳавоии Қирғизистон ворид шудааст. Дафтари матбуоти нирӯҳои марзбони Қирғизистон дар изҳороти худ гуфтааст, чархболи Ми-8 дар баландии 1500 - 1700 метр дар масири Исфана--Сурх--Ворух ба Тандиқ расида, бозпас гаштааст. Ба пурсиши тарафи қирғиз маркази идораи парвозҳои Тоҷикистон гуфтааст, чархбол иштибоҳан аз масири худ берун шуда, ба ҳарими ҳавоии Қирғизистон ворид гаштааст.





Тарафи Қирғизистон мегӯяд, бо бахшиш хостани тарафи Тоҷикистон қазияро ҳалшуда мешуморад. Дар гузашта чунин ҳодиса низ иттифоқ афтодааст, ки чандин сарбози нирӯҳои ҳавобурди Қирғизистон иштибоҳан ба қаламрави Тоҷикистон фуруд омадаанд. Дар Тоҷикистон онҳоро пазироӣ карда, ба Қирғизистон бозгардонданд.
XS
SM
MD
LG